CТОРМӢ OМАРТИАН ҚУВВАИ КӮДАКИ ДУОГӮЙ СИПОСГУЗОРӢ Mо ба ҳамаи кӯдаконе ки ба саволҳои мо ҷавоб медоданд, миннатдорӣ баён менамоем. Аарон, Эбби, Алекс, Аманда, Энди, Остин, Бенҷамин, Карли, Крис, Кристиан, Кристофер, Клэр, Кори, Коринна, Кортни, Даниэл, Диллон, Дилан, Эмили, Эмма, Гейҷ, Ҷейсон, Ҷесси, Ҷессика, Ҷонатан, Ҷошуа, Ҳелен, Кейтлин, Кэтрин, Кэти, Кайла, Кайли, Лэндри, Лили, Мэдисен, Мэнди, Микаэла, Маккензи, Миранда, Миро, Никол, Рамзи, Саманта, Саванна, Сиерра, Симона, София, Такер. Агарчи исмҳои баъзеи кӯдакони дар боло номбаршуда дар саҳифаҳои ин китоб зикр намешаванд, саҳми онҳо дар таълифи он хеле арзанда аст. Ҳам муаллиф, ҳам ношир ба ҳамаи онҳо миннатдории зиёд баён менамоянд. БА ҲАМАИ КАСОНЕ КИ КӮДАКОНРО ДӮСТ МЕДОРАНД Падарону модарон, бобоҳо ва бибиҳо, холаҳо ва аммаҳо, тағоҳо ва амакҳо, муаллимон, васояткунандагон ва ҳама касоне ки дилашон аз муҳаббати падарона ба кӯдак пур аст. Худо бо кӯдакон гап задан мехоҳад. Кӯдакон бо Худо гап задан мехоҳанд. Инро ба онҳо ёд додан ҳеҷ гоҳ барвақт нест. Дар ҳар синну сол ба кӯдак дуогӯиро омӯзондан мумкин аст. Дар бораи дуо бисёр китобҳои хуб навишта шудаанд, аммо бисёрии онҳо барои калонсолон мебошанд. Чаро ҳамаи китобҳои хуб барои калонсолон навишта шудаанд? Наход дуоҳои калонсолон назар ба дуоҳои кӯдакон қувваи бештар дошта бошанд? Ман бисёр кӯдакони имонашон мустаҳкам ва дуо гуфта метавонистаро мешиносам, ки дуояшон назар ба дуоҳои калонсолони имонашон суст ва бо Худо кам муошират мекарда таъсири бештар дорад. Калонсолон набояд дуои кӯдаконро беаҳамият шуморанд, зеро дар дуои онҳо на камтар аз дуои калонсолон қувват ҳаст. Ва ин қувват аз Худост. Агар имон он шарорае бошад, ки аз он оташ аланга мегирад, пас дар дили кӯдак алангаи бениҳоят равшан фурӯзон шуда метавонад, ки Худо дар ҷавоби он ба таври ҳайратовар амал хоҳад намуд. Магар синну соли шахси дуогӯй ин қадар муҳим аст? Имони кӯдак пок аст, зеро кӯдакон дар интизори ҷавоби дуоҳои худ пурра ба Худо бовар мекунанд. Шубҳаҳо ва саволҳое ки дар калонсолон ҳастанд, дар кӯдакон вуҷуд надоранд. Кӯдакон дуо гуфтан ва шукргузорӣ намуданро барои шунида шудани дуоҳои худ ва фаҳмидани маънои он ҷавобҳоеро, ки онҳо интизор набуданд, хеле зуд ёд мегиранд. Кӯдакон бояд донанд, ки Худо ҳаст, Ӯ дуоҳои онҳоро мешунавад ва ба онҳо ҷавоб медиҳад. Кӯдакон табиати пурҷӯшу хурӯш, пурҳарорат доранд, ва ҳар қадар онҳо калонсолтар шаванд, ин сифат дар ҳаёти онҳо ҳамон қадар равшантар зоҳир мегардад. Метавонед боварӣ дошта бошед, ки ин баъзеҳоро ба роҳи некӣ, баъзеи дигарро ба роҳи бадӣ мебарад. Аммо шумо метавонед ба онҳо дар ром кардани ҷӯшу хурӯши наврасонаашон ёрӣ диҳед, то ки онро барои ҷалоли Худованд истифода баранд, ҳангоме ки барпо намудани муносибатҳои самимӣ, наздик, дӯстдоронаро бо Худо ба онҳо ёд медиҳед, пеш аз он ки онҳо аз синни кӯдакӣ бароянд. Кӯдакон омӯхтани инро ҳар қадар барвақттар сар кунанд, бо мурури ба воя расидан ҳаёти дуоии онҳо осонтар ба низом медарояд. Гумон накунед, ки кӯдаки шумо барои ба Худо бахшидани ҳаёти худ хеле хурдсол аст. Зеро душмани насли башар чунин намеҳисобад, ки кӯдакатон хеле хурдсол аст, то ҳаёташро ба иҷрои нақшаҳои ӯ бахшад. Ба кӯдак ёд додани дуогӯӣ назар ба ҷустани роҳи баромад аз вазъияти мураккабе ки ба шарофати дуо пешгирӣ кардан мумкин аст, осонтар мебошад. Агар шумо дигаргуниҳоеро, ки Худо дар кӯдаки шумо ба амал меоварад, дидан хоҳед, бо Падари Осмонӣ сӯҳбат карданро ба ӯ ёд диҳед. Ин китоб ба шумо дар ин кор ёрӣ медиҳад. Агар кӯдакон дар дуо бо Худо муошират намуданро ёд нагиранд, бо Ӯ муносибатҳои ҳақиқатан наздик барпо карда наметавонанд. Ҳангоме шумо мебинед, ки кӯдакатон мустақилона дуо мегӯяд, ҳайрон мешавед; аз даҳони кӯдакатон суханони дуоро, ки бо илҳоми Рӯҳулқудс гуфта мешаванд, шунида, ба ҳаяҷон меоед. Худо мехоҳад, ки калонсолон ҳамчун кӯдакон — бо дили кушода, пок ва афрӯхта назди Ӯ оянд. Мо инро аз кӯдаконамон ёд гирифта метавонем, ва кӯдакон дар навбати худ моро мушоҳида намуда ва ба дуоҳои мо гӯш дода, аз мо ёд гирифта метавонанд. Кӯдакон чӣ тавр дуо гуфтани шуморо мебинанд, аз онҳо хоҳиш намоед, ки шарикони дуоии шумо гарданд. Ҳамроҳи онҳо ва барои онҳо дуо гӯед. Азбаски кӯдакон муҳаббати Худоро ба осонӣ қабул мекунанд, ва онро ба дигарон расондан мехоҳанд, онҳоро ба дуо гуфтан дар ҳаққи дигарон низ рӯҳбаланд намоед. Аз онҳо хоҳиш намоед, ки дар ҳаққи шумо ҳам дуо гӯянд. Кӯдакон дар ҳаққи падару модар дуо гуфта, ҳаёти дуоии фаъолона ба сар бурданро ёд мегиранд, ва дуоҳои мунтазам барояшон одатӣ мешаванд. Ғайр аз ин, ҳеҷ кас намедонад, ки кай ба шумо дуои самимии пур аз имон, ки фақат кӯдак ба забон оварда метавонад, даркор мешавад. Ҳар боре ки писаратон (духтаратон) ҳамроҳи шумо дуо гуфтан хоҳад, ҳатман ба ӯ гӯед, ки бо ӯ дуо гуфтан бароятон хеле хуш аст. Гоҳо як дархосте ки кӯдак дар дуо мегӯяд, барои беҳтар фаҳмидани ӯ ва ошкор шудани олами ботинии ӯ кофист. Ба шарофати ин шумо он чиро, ки аз шумо пӯшида буд, мефаҳмед. Агар пештар ҳеҷ гоҳ ҳамроҳи кӯдакатон дуо нагуфта бошед, аз ӯ бахшиш пурсида, гӯед, ки акнун бештар бо ӯ дуо мегӯед. Кӯдакон дуоҳои шуморо ҳатман қадр мекунанд, ва муносибатҳои шумо устувор мегарданд. Дар ин китоб бисёр намунаҳои дуоҳои кӯдакон ва ҷавобҳои Худо ба онҳо оварда шудаанд. Ҳамчунин дар он бо назардошти вазъиятҳои ҳаётии кӯдак, синну сол ва муҳити атрофи ӯ тасвирҳо ва тавсифоти дуоҳои гуногун дода шудаанд. Албатта, ман бисёр вақт ба Китоби Муқаддас истинод намуда, аз он иқтибосҳо меоварам. Ҳамчунин намунаҳои дуоҳо оварда шудаанд, ки дар вазъиятҳои муайяни ҳаётӣ истифода бурдан мумкин аст. Якчанд саҳифа дар охири китоб барои он муқаррар шудаанд, ки хонандагони хурдсол дуоҳои худро дар онҳо нависанд. Ҳамаи ин ёрӣ мерасонад, ки ба кӯдакатон аз самими дил дуо гуфтан ва ҳаёти мукаммал ва пурсамари дуоӣ ба сар бурданро ёд диҳед. Ман дар намунаи дуоҳои худам, ки дар ҳаққи кӯдаконам мегуфтам, дуо гуфтанро ба онҳо ёд медодам: онҳо дуо гуфтани маро гӯш мекарданд ва ба ман тақлид менамуданд. Баъд ман онҳоро водор менамудам, ки мустақилона дуо гӯянд. Онҳо аз дуоҳои одитарин сар мекарданд: дар хусуси пои захмёфтаи саг, дар хусуси дӯсти мактабӣ, дар хусуси кори санҷишӣ дар мактаб, дар хусуси ҳимояи Худо. Ва ба ин дуоҳо чӣ қадар ҷавобҳо ба даст омадаанд! Ман ҳамеша аз фарзандонам хоҳиш мекардам, ки дар ҳаққи ман ё ягон шахси дигар ё ягон вазъияте ки онҳо дар синни худ онро фаҳмида метавонистанд, дуо гӯянд. Ҳозир фарзандони ман калонсол шудаанд, ва онҳоро ба дуо водор кардан лозим намеояд: онҳо худашон ин корро мекунанд. Дуо қисми муҳимтарини ҳаёти онҳост. Дар ёд дорам, боре сарам сахт дард мекард, ва писарам, ки он вақт даҳсола буд, ба ҳуҷраи ман даромада, гуфт: «Оча, оё мумкин аст барои ту дуо гӯям?» Ман хеле хурсанд будам, ки ҳатто лозим наомад дар ин бора аз ӯ хоҳиш намоям. Чанде пас аз дуо гуфтани писарам дарди сарам гузашт. Дуои кӯдак қувваи зиёде дорад. БОБИ 1 МАН БА ХУДО МУРОҶИАТ МЕКУНАМ, ВА Ӯ МАРО МЕШУНАВАД Оё медонӣ, ки бо Худо гуфтугӯ карда метавонӣ? Ҳа, дар ҳақиқат ин ҳамин тавр аст. Гуфтугӯ бо Худо дуо ном дорад. Дар дуо ту бо Худо муроҷиат мекунӣ. Ба Худо маъқул аст, ки ту ба Ӯ муроҷиат намоӣ. Новобаста ба вақте ки муроҷиат менамоӣ ё маконе ки дар он ҷо ҳастӣ, Ӯ ҳамеша инро интизор аст. Худо мегӯяд, ки ту ҳамеша ба Ӯ муроҷиат карда метавонӣ ва барои ин сабаби муҳим доштан зарур нест — ҳамон тавре ки ту ба дӯстонат муроҷиат мекунӣ, бе ҳеҷ гуна сабаб. Ту фақат аз он сабаб ба онҳо муроҷиат мекунӣ, ки онҳоро дӯст медорӣ. Ба Худо низ ҳамчун ба дӯстат муроҷиат карда метавонӣ, чунки Ӯ дар ҳақиқат дӯсти туст. Ӯ мегӯяд, ки агар Ӯро дӯст дорӣ, Ӯ Худаш туро дӯсти Худ меномад. Ту аз он сабаб бо Худо муошират кардан мехоҳӣ, ки дар бари дӯсти худ будан мехоҳӣ. Ман чӣ тавр дуо гӯям? Бо овози баланд ё бо овози паст дуо гуфтан мумкин аст, яъне ту метавонӣ чунон дуо гӯӣ, ки атрофиён туро шунаванд, ва низ он тавр дуо гӯӣ, ки фақат Худо туро шунавад. Ҳатто дуоҳоеро, ки ту дар дили худ мегӯӣ, Худо ҳатман мешунавад. Ҳангоме ки ту фикран ба Худо муроҷиат мекунӣ: «Худованд, ба ман ёрӣ деҳ, ки имрӯз дар корҳоям комёб бошам», Ӯ туро мешунавад, чунки фикрҳои туро медонад. Китоби Муқаддас дуо гуфтанро ба мо таълим медиҳад ва мефаҳмонад, ки дуоҳои мо чӣ гуна қувват доранд. Ҳангоми хондани Китоби Муқаддас имони ту мустаҳкам мешавад, ва ту шубҳа намуданро бас мекунӣ, ки оё Худо ба дуоҳои ту ҷавоб медиҳад ё не. Оё ту Китоби Муқаддас дорӣ? Агар надошта бошӣ, аз ягон кас хоҳиш кун, ки бароят Китоби Муқаддас харад. Бигузор дар аввал ин Китоби Муқаддаси кӯдакона бошад, ки дар он фармудаҳои Худо ба забони бароят фаҳмо баён карда шудаанд. Ман дар куҷо дуо гӯям? Дар ҳама ҷо дуо гуфтан мумкин аст. Азбаски ҳам бо овози баланд, ҳам дар дили худ дуо гуфта метавонӣ, ту ин корро дар ҳама ҷо карда метавонӣ. Ва муҳим нест, ки дар ин маврид рост истодаӣ, давида истодаӣ, ё ҳатто дароз кашидаӣ. Ту метавонӣ дар ҳуҷраи серғавғои пур аз одамон, ё тамоман танҳо, дар ҷойи хоби худ дуо гӯӣ. Ту метавонӣ дар мошин, ҳангоме ки ба ягон ҷой равона ҳастӣ, ва ё ҳангоми соатҳои ороми иҷро кардани вазифаи хонагӣ дуо гӯӣ. Ту метавонӣ ҳангоми сайру гашт ё дар парки бозиҳои шавқовар дуо гӯӣ. Дар ҳар ҷое ки бошӣ ва бо ҳар коре ки машғул бошӣ, Худо ҳамеша туро мешунавад. Агар ба Худо муҳаббат ва эҳтироми махсус изҳор намуданӣ бошӣ, беҳтараш дар ягон ҷои ором дар танҳоӣ ба зону ист, чунон ки Исо дар лаҳзаҳои хоҳиши сахти баён намудани муҳаббати Худ ба Падари Осмонӣ мекард. Ту аксаран дар куҷо дуо мегӯӣ? Ман кай дуо гӯям? Ту дар ҳар вақт ба Худо муроҷиат карда метавонӣ, чунон ки ба дӯстони худ бо телефон муроҷиат менамоӣ, аммо дар ин маврид рақами телефонро гирифтан лозим намешавад. Танҳо номи Ӯро гирифтан кифоя аст. Магар ин душвор аст? Ту метавонӣ нисфишабӣ ба Худо муроҷиат намоӣ — ва Ӯ дар бари ту хоҳад буд. Ту метавонӣ аз болои кӯҳи баландтарин, аз миёнаҷои уқёнус, аз кишвари дигар ба Худо муроҷиат намоӣ — ва Худо ба ту ҷавоб мегӯяд. Ту дар ҷавоб ҳеҷ гоҳ сигнали «машғул аст»-ро намешунавӣ ва дар он тарафи хати телефон гӯшакро намегузоранд. Азбаски дуоҳои ту барои Худо хеле муҳим мебошанд, хати телефоне ки туро бо Ӯ мепайвандад, ҳамеша озод аст. Он чи дили туро пур кардааст, барои Худо хеле муҳим аст, чунки Ӯ дар ҳаққи Ту ғамхорӣ мекунад. Ҳамаи он чи туро ба ташвиш меоварад, Ӯро низ ба ташвиш меоварад. Худо мехоҳад, ки ту «пайваста» дуо гӯӣ (1 Тасл. 5.17). Ин маънои онро дорад, ки ту бояд ҳарчи бештар дуо гӯӣ, аммо албатта, на ҳар дақиқа. Ту бояд ҳар дафъае ки талаботи дуо гуфтанро ҳис мекунӣ, дуо гӯӣ. Инак якчанд намунаҳои чунин дуоҳо: «Худованд, барои навиштани ин кори санҷишӣ ба ман ёрӣ деҳ»; «Худованд, маро ҳимоя намо; «Худованд имрӯз падару модари маро дар ҷои корашон баракат деҳ»; «Худованд, ба дастаи ман ёрӣ деҳ, ки рӯзи шанбе дар мусобиқа ғолиб ояд»; «Худованд, дӯсти маро баракат деҳ». Дар хусуси ҳамаи он чи туро ба ташвиш меоварад, дуо гуфтан лозим аст. Кӯдакон одатан дар куҷо дуо мегӯянд • «Дар ҳуҷраи худ» (Бенҷамин, 9-сола). • «Дар калисо» (Кристофер, 7-сола). • «Дар роҳ ба сӯи мактаб» (Кайли, 11-сола). • «Шабона, дар бистари хоб» (Алекс, 11-сола). • «Дар сари дастурхон » (Кори, 7-сола). • «Дар мошин» (Миранда, 10-сола). • «Дар душ» (Саманта, 9-сола). • «Дар дилхоҳ ҷой» (Коринна, 8-сола). • «Дар кафетерийҳо» (Дилан, 10-сола). • «Дар мактаб» (Остин, 10-сола). • «Дар назди кат ба зону истода» (София, 8-сола). • «Дар хона» (Даниэл, 12-сола). • «Дар ҳама ҷой» (Ҷесси, 12-сола). • «Дар он ҷое ки ҳоло ҳастам» (Лэндри, 10-сола). Исо дар ҳаққи кӯдакон чӣ мегуфт? Худо аз байни ҳамаи одамон кӯдаконро махсус ҷудо мекунад. Китоби Муқаддас аз он шаҳодат медиҳад, ки Исо кӯдакони хурду калонро то чӣ андоза дӯст медошт. Ҳангоме ки Ӯ дар рӯи замин зиндагӣ мекард, агар шогирдон кӯдаконро назди Ӯ омадан нагузоранд, Ӯ хеле хашмгин мешуд. Боре, ҳангоме ки одамон кӯдаконашонро бо худ оварданд, то ки Исо ба онҳо даст расонад, шогирдонаш талаб намуданд, ки Устодро бо чунин корҳои беаҳамият безобита накунанд. Аммо Исо аз рафтори шогирдон дарғазаб шуда, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Подшоҳии Худо ба чунин касон тааллуқ дорад» (Марқ. 10:14). Ин суханони хеле қавӣ мебошанд, онҳо маънои онро доранд, ки Худо тайёр аст ҳамаи дороии Худро диҳад — фақат аз боиси он ки ту кӯдак ҳастӣ. Ва агар ту аз Исо хоҳиш карда бошӣ, ки ба дилат дохил шавад, пас ту яке аз кӯдакони интихобшудаи Ӯ гардидаӣ. Ибораи «Худоро ба дили худ роҳ додан» маънои онро надорад, ки Худо ба маънои ҳақиқӣ ба бадани ту медарояд. Ин маънои онро дорад, ки Рӯҳи Ӯ дар даруни ту сокин мешавад. Ҳангоме ки ту Исоро ба дили худ қабул мекунӣ, Ӯ Рӯҳулқудси Худро мефиристад, то ки Ӯ дар он гӯшаи дили ту, ки барои Ӯ муқаррар шудааст, сокин шавад. Исо ҳамчунин ба халқ ва ба шогирдон гуфт, ки агар калонсолон монанди кӯдакон нашаванд, ба Подшоҳии Ӯ даромада наметавонанд, зеро танҳо кӯдакон бо боварӣ, умед, дили поки пурҳарорат назди Ӯ меоянд. Калонсолон дар ин маврид аз кӯдакон бисёр чизҳоро омӯхта метавонанд. Исо ба халқ ва ба шогирдон ин суханонро гуфта, дастонашро бар сари кӯдакон гузошт ва онҳоро баракат дод. Ба фикри ту, оё кӯдакон дар он рӯз дилҳои худро ба Исо кушоданд ва оё ба Ӯ имон оварданд? Исо мехоҳад, ки ту низ ба Ӯ дили худро кушоӣ ва аз Ӯ хоҳиш намоӣ, ки ба дили ту дарояд. Оё ту аллакай Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда эътироф кардаӣ ё ҳанӯз не? Агар ҳеҷ гоҳ дилатро ба Исо накушода бошӣ, оё ҳозир ин корро кардан намехоҳӣ? Агар хоҳиш дошта бошӣ, ки Масеҳро қабул намоӣ, ба Ӯ бо чунин суханон муроҷиат намо: Худованд Исо, ман Туро дӯст медорам. Ман Туро даъват менамоям, ки ба дили ман дароӣ. Илтимос, маро барои ҳамаи корҳои баде ки пештар карда будам, бубахш. Дар зиндагӣ танҳо бо роҳҳои Ту қадам заданро ба ман ёд деҳ. Ва акнун таърихи рӯз, моҳ, сол ва синни худро навис, то ки он рӯзе ки ба Масеҳ рӯ овардӣ, барои ҳамеша дар хотир нақш бандад. Рӯз _______________ Моҳ__________________ Сол_______________Синн _________________ Агар ту аллакай дили худро ба Исо кушода бошӣ, навис, ки ин кай рӯй дод. Агар ту рӯзашро дар ёд надошта бошӣ, фақат навис, ки ҳангоме ба Масеҳ рӯ овардӣ, чандсола будӣ. Кӯдакон одатан дар куҷо дуо мегӯянд • «Вақте ки ман танҳоям». • «Вақте ки ман аз чизе метарсам». • «Вақте ки наздиконам аҳволи бад доранд». • «Вақте ки дӯстонам нохушиҳо доранд». • «Вақте ки ман дар ҳуҷраи худ ҳастам». • «Вақте ки ягон воқеаи бад рӯй медиҳад». • «Вақте ки ман ғамгин ҳастам». • «Вақте ки ба ман ягон чиз даркор аст». • «Вақте ки ман худро дар олами Худо танҳо ҳис мекунам». • «Вақте ки ман бо Ӯ гуфтугӯ кардан мехоҳам». • «Пас аз хондани Китоби Муқаддас». • «Пеш аз хоб, то ки хобҳои даҳшатовар набинам». Кӯдакон барои Худо хеле муҳим мебошанд Ҳамаи онҳое ки ба Исо имон доранд, бо ҳам алоқаманд ва муттаҳид буда, «Бадани Масеҳ»-ро ташкил медиҳанд, ва кӯдакон қисми муҳимтарини ин Бадан мебошанд. Чаро? Чунки дили кӯдак соф аст. Ман дар хона мошини калон дорам. Боре он вайрон шуд. Механик омада, гуфт, ки ҳамагӣ як детали хурдакакеро, ки аз кор баромадааст, иваз кардан лозим аст. Агарчи мошин дар муқоиса бо ин детали хурдакак хеле калон буд, бе ин детал кор карда наметавонист. Бадани Масеҳ монанди мошини калон аст, ва кӯдакон монанди деталҳои хурдакак. Худо мегӯяд, ки агарчи ҳар як детали мошин муҳим аст, ба ҳар ҳол қисмҳои хурдтарини онҳо муҳимтар мебошанд. Механизм ҳар қадар калон бошад ҳам, бе деталҳои хурд кор карда наметавонад. Кӯдакон қисми муҳимтарини Бадани Масеҳ мебошанд, зеро дилҳои онҳо пок мебошанд ва онҳо тайёранд бо боварӣ муҳаббати Худоро қабул намоянд. Боре шогирдони Исо назди Ӯ омада, пурсиданд: «Дар Подшоҳии Осмон бузурргтар кист?» (Мат. 18:1). Исо кӯдакеро назди Худ даъват намуда, дар байни шогирдон гузошт ва гуфт: «…агар бозгашт накунед ва монанди кӯдакон нашавед, ба Подшоҳии Осмон намедароед…» (18:3). Ва давом дод: «Ҳар кӣ худро мисли ин кӯдак фурӯтан созад, дар Подшоҳии Осмон вай бузургтар аст» (18:4). Аз ин ҷо бармеояд, ки ҳар касе ки дар Подшоҳии Осмон аввалин шудан мехоҳад, бояд худро фурӯтан намояд ва дилашро пок гардонад, то ки он мисли дили кӯдак пок гардад. Исо ҳамчунин ба шогирдон дар хусуси кӯдакон як чизи муҳимро гуфт: калонсолон набояд ба кӯдакон беаҳамиятӣ кунанд, чунки фариштаҳои ҳимоятгари кӯдакон ҳамеша рӯи Падари Осмонии Ӯро мебинанд (ниг. Мат. 18:10). Ин маънои онро дорад, ки ту фариштаи ҳимоятгар дорӣ, ки доимо туро нигаҳбонӣ менамояд ва ба Худо чунон наздик аст, ки рӯи Ӯро мебинад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ту барои Худо хеле муҳим ҳастӣ. Кӯдакон дар хусуси чӣ дуо мегӯянд Худованди азиз, ман барои ҳар як узви оилаам дуо мегӯям. Ман хоҳиш мекунам, ба ман ёрӣ деҳ, ки ба падару модарам бо эҳтироми бештар муносибат намудан ва барои ҳамаи он чи дорам, шукргузор буданро ёд гирам (Лэндри, 10-сола). Худо ҳамаро дӯст медорад, аммо хусусан кӯдаконро Худо кӯдаконро дӯст медорад. Дар ин бора дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст. Бинобар ин ӯ ҳамеша дуоҳои онҳоро мешунавад. Ба калонсолон Китоби Муқаддас чунин маслиҳат медиҳад: агар онҳо дилпур будан хоҳанд, ки Худо дуоҳои онҳоро мешунавад, бояд дилҳояшонро монанди дилҳои кӯдакон гардонанд. Ҳангоме ки Исо дар рӯи замин мезист, Ӯ ҳамеша ба кӯдакон муҳаббати зиёд зоҳир менамуд: Ӯ онҳоро дар наздаш ҷамъ карда, бо онҳо сӯҳбат менамуд, Ӯ бар сарҳои онҳо даст гузошта, онҳоро баракат медод. Ҳозир, ки Масеҳ дар осмонҳост, Ӯ кӯдаконро на камтар аз пештара дӯст медорад. Пагоҳ ва дар дилхоҳ рӯзи дигар Ӯ туро монанди имрӯз дӯст хоҳад дошт. Худо кӯдаконро тӯҳфаи гаронбаҳои Худ меномад, ки маънои онро калонсолон бояд дуруст фаҳманд ва ҳамеша дар ёд дошта бошанд. Исо гуфтааст: «…ҳар кӣ яке аз ин кӯдаконро ба исми Ман қабул намояд, вай маро қабул мекунад» (Мат. 18:5; курсиви ман — С. О.). Ин суханон нишон медиҳанд, ки ту барои Худо муҳим ҳастӣ, Ӯ туро чунон дӯст медорад, ки ҳар касе ки ба ту некӣ кунад, ба Худо некӣ мекунад. Ин дили Худоро шод менамояд. Ту ҳар қадар хурд бошӣ, дуоҳои ту барои Худо хеле муҳиманд. Аз ҳамин сабаб ҳангоме ки дуо мегӯӣ, корҳои бузург ба амал омада метавонанд. Ба номи исо дуо гӯй Исо дар бораи дуо гап зада, як фикри муҳимро таъкид менамуд. Ӯ мегуфт, ки мо бояд ба номи Ӯ дуо гӯем. Исо гуфт: «Агар чизе ба исми Ман биталабед, Ман онро ба ҷо хоҳам овард» (Юҳ. 14:14). Дуои ба номи Исо гуфташударо Худо зудтар мешунавад. Тасаввур кун, ки ту бо чунин суханон дари хонаи касеро тақ-тақ мекунӣ: «Ман писари шуморо медонам — ӯ дӯсти наздики ман аст». Дар ҷавоб ту чунин суханонро мешунавӣ: «Ҳар дӯсти писари ман дӯсти ман аст. Даро ва гӯй, ки ман барои ту чӣ кор карда метавонам». Ҳангоме ки мо ба Худо бо суханони «ба номи Исо дуо мегӯям» муроҷиат мекунем, мо гӯё ба Ӯ мегӯем: «Ман Писари Туро мешиносам, Ӯ дӯсти наздики ман аст», ва дар ҷавоб мешунавем: «Агар ту Писари Маро мешинохта бошӣ, дар пеши Ман ист ва дар бораи эҳтиёҷоти худ гап зан, ки ба ту чӣ гуна ёрдам диҳам». Дуои мо, ки ба номи Исо гуфта шудааст, қувваи ғайриодӣ дорад. Худо ба дуои ман ҷавоб дод Боре ман дафтарамро бо вазифаи хонагӣ, ки муддати зиёд ва бо ҷидду ҷаҳд тайёр карда будам, гум кардам. Дафтарро пагоҳии рӯзи дигар супоридан даркор буд, ва ман ҳамроҳи модарам дуо гуфтам, ки Худо барои ёфтани он ба ман ёрӣ диҳад. Дарҳол ҷавоб дода нашуд, аммо пагоҳӣ, ҳангоме ки ман боз дуо гуфтам, Худо ба ман гуфт, ки дафтарро дар куҷо бояд ҷустуҷӯ кунам: он дар байни дафтарҳои дигар будааст, он тасодуфан ба он ҷо афтода будааст. (Аманда, 11-сола) Ҳангоме ки ту бо Худо гап мезанӣ; ӯ бо ту гап мезанад Ҳангоме ки ту бо Худо гап мезанӣ, Ӯ гоҳо ҳамчунин бо ту гап мезанад. Албатта, ту овози Ӯро шунида наметавонӣ, зеро Ӯ ба дили ту муроҷиат мекунад. Ӯ ба ту дар бораи чизҳои бисёр гап мезанад: дар бораи он чи кардан даркор аст ва он чи кардан даркор нест; дар бораи он ки ба куҷо рафтан даркор аст ва ба куҷо рафтан даркор нест. Худо ба ту он чиро ошкор карда метавонад, ки ту намедонӣ. Ӯ барои аз вазъияти душвор баромадан ба ту ёрӣ дода метавонад. Ӯ метавонад ба ту дар бораи он гап занад, ки чӣ тавр туро дӯст медорад ва бо ту муошират намудан ба Ӯ то чӣ андоза хуш аст. Гоҳо мо ҳангоми дуо он қадар бисёр гап мезанем, ки ба Худо имкон намедиҳем дар ҷавоб чизе гӯяд. Ҳангоми дуо чунин гуфтанро фаромӯш накун: «Худовандо, бо ман гап зан ва ба ман он чиро, ки бояд донам, ошкор намо». Баъд якчанд дақиқа сабр кун ва гӯш андоз: шояд Худованд ба дили ту муроҷиат карда истодааст. Ӯ метавонад ба ту чизеро нишон диҳад, ки дар борааш на он қадар андеша менамоӣ, аммо барои он дуо гуфтан лозим аст. Боре ман китоби хеле муҳим ва гаронбаҳоро гум кардам ва бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд онро ҳеҷ ёфта наметавонистам. Ман аз он ғамгин будам, ки ин қадар вақтро барои ҷустуҷӯ беҳуда сарф кардам. Ҳангоме ки ман ба Худо дуо гуфта, аз Ӯ мадад хостам, дар пеши назари хаёлии ман дарҳол дивани хонаи қабули меҳмонон пайдо шуд. Ман ба он ҷо шитофтам ва китобро дар фарши хона дар зери диван ёфтам — чунон ки маълум шуд, китоб ба он ҷо ғалтидааст. Ман тамоман фаромӯш кардаам, ки пеш аз хӯроки шом онро ба такяи диван гузошта будам. Ман боварӣ дорам, ки Худо чӣ кор карданро ба ман гуфт. Дар Китоби Муқаддас дар бораи Самуил ном писараки хурде гуфта мешавад, ки овози Худоро мешунид, аммо намедонист, ки ба ӯ Кӣ муроҷиат карда истодааст. Мо бо он писарак бисёр умумиятҳо дорем, зеро мо низ на ҳамеша овози Худоро, ки дар диламон садо медиҳад, фаҳмида метавонем. Мо интизор нестем, ки Худо умуман метавонад ба мо муроҷиат кунад, ва аз ҳамин сабаб маънои он чиро, ки Ӯ ба мо гуфтан мехоҳад, намефаҳмем. Худо хеле бештар аз он чи гумон мекунӣ, бо ту гуфтугӯ кардан мехоҳад. Ба номи Исо дуо гуфтанро сар карда, аз Худо хоҳиш намо, ки бо ту гап занад, баъд муддате хомӯш бош, то ки овози маҳин ва ороми Ӯро, ки ба дили ту муроҷиат мекунад, шунавӣ. Шояд ту ҳеҷ гуна суханонро намешунавӣ, аммо осудагии махсус, амиқро эҳсос менамоӣ, ва ин пурра кифоя хоҳад буд. Дуои ман ба худо Худованди азиз, ман Туро шукр мегӯям, ки маро дӯст медорӣ ва дуоҳоямро мешунавӣ. Бо ҷидду ҷаҳди зиёдтар дуо гуфтанро ба ман ёд деҳ, то ки дар хусуси ҳамаи он чи дар ҳаётам ҳаст, дуо гӯям. Туро барои ҷавобҳоят ба дуоҳои ман шукр мегӯям. Маро ёд деҳ, ки Туро шунавам ва маро ҳар рӯз роҳнамоӣ кун. Ба номи Исо дуо мегӯям. Худованди азиз, ман имрӯз боз дар бораи як чиз дуо гуфтан мехоҳам… Суханони Худо, ки ба ман нигаронида шудаанд …Ҳар он чи дар дуо бо имон талаб кунед, хоҳед ёфт. Мат. 21:22 БОБИ 2 ҲАНГОМЕ КИ МЕТАРСАМ, БА ХУДО ДУО МЕГӮЯМ Оё ту қиссаи Довуд ва Ҷолиётро медонӣ? Довуд писараки яҳудӣ буд, ки баъд подшоҳи Исроил шуд; Ҷолиёт бошад бузургҷуссае буд, ки дар сафи лашкари фалиштиён — душманони Исроил — меҷангид. Ҷолиёт сарбози боқувваттарин буд. Қади ӯ аз ду метр зиёдтар буд, ва ҳамаи сарбозони исроилӣ аз ӯ метарсиданд. Боре лашкари фалиштиён ба исроилиён барои муҳориба ба ҳам омаданд ва дар ду тарафи водӣ, ки онҳоро аз ҳам ҷудо мекард, ҷойгир шуданд. Ҷолиёт ба пеш баромада, ба душманонаш нидо кард: «Кадоме аз шумо бо ман меҷангад? Оё дар байни шумо чунин шахс ҳаст? Агар ӯ маро мағлуб кунад, мо ба шумо хизмат мекунем, аммо агар мағлуб шавад, шумо ғуломони мо мешавед» (ниг. 1 Подш. 17:8–9). Ҷолиёт мехост, ки касе аз исроилиён ба ҷанги зидди ӯ барояд, аммо чунин шахс ёфт нашуд, зеро ҳама дар назди ӯ аз тарс меларзиданд. Ҳамон рӯз Довуд барои се бародари худ, ки сарбозони лашкари Исроил буданд, хӯрок мебурд. Довуд шунид, ки Ҷолиёт худписандона исроилиёнро ба майдон даъват менамуд. Ӯ дар давоми чил рӯз ҳар пагоҳӣ чунин мекард. Довуд хеле хашмгин шуд, зеро ин бузургҷуссае ки Худоро намешинохт, ҷуръат намуд халқеро таҳқир намояд, ки Худои ҳақиқиро мешинохт. Бинобар ин Довуд хост бо Ҷолиёт қувваозмоӣ кунад. «Ман шер ва хирсро куштаам, — гуфт Довуд ба сарлашкари исроилиён. — Худованд, ки ба ман имкон дод онҳоро мағлуб намоям, ба ман қувват медиҳад, ки ин фалиштии худобехабарро мағлуб намоям» (Ниг. 1 Подш. 17:36–37). Имони амиқ ба Худо, ки Довуд дошт, ба ҳеҷ гуна тарс дар дил ҷой намедод, зеро ӯ медонист, ки Худо ӯро ҳимоя мекунад. Азбаски либосу аслиҳаи ҷангӣ беҳад калон ва вазнин буданд, Довуд қарор дод, ки онҳоро дар бар накунад, балки фақат фалахмон ва панҷ санги суфтаро, ки дар қарибӣ ёфта буд, бо худ гирад. Пас аз ин ӯ далерона ба водӣ ба назди бузургҷусса фаромад. Ҷолиёт Довудро дида, бо истеҳзо хандид. Ӯ кӯшиш мекард ҳарифашро ҳарчи бештар таҳқир намояд, зеро ӯро ҷиддӣ қабул накард, чунки дар пеши ӯ бачаи ҷавон меистод. Илова ба ин, азимҷусса намедонист, ки Худо бо Довуд аст. Ба Ҷолиёт наздик шуда, Довуд фалахмони худро тоб дод ва сангро рост ба сари бузургҷусса равона кард. Ҷолиёт ба замин афтид. Довуд назди ӯ давид ва шамшерро гирифта, ӯро кушт. Инро дида, фалиштиён хеле тарсиданд. Онҳо фаҳмиданд, ки агар ин бачаи хурд аз лашкари исроилиён калонтарин ва боқувваттарин сарбози лашкари онҳоро мағлуб карда бошад, онҳо ҳеҷ имконияти ғолиб омадан надоранд. Ва онҳо рӯ ба гурез ниҳоданд. Бо вуҷуди ҷавон буданаш, Довуд ба Худо имони амиқ дошт. Ӯ боварӣ дошт, ки ғолиб мешавад, зеро Худо ҷонибдори ӯ буд. Ва ӯ ҳақ буд. Оё медонӣ ки дуоҳоят монанди фалахмони Довуд мебошанд? Дар зиндагӣ бо ягон бузургҷусса — масалан, бо бузургҷуссаи тарс — рӯ ба рӯ шуда, ту дуо гуфта метавонӣ, ва дуои ту монанди санги бо фалахмон партофташуда амал мекунад, ва имони ту ба он қувват ва суръат медиҳад. Дуои ту ҳамаи бузургҷуссаҳоро дар ҳаёти ту мағлуб карда метавонад. Аз он ҷумла бузургҷуссаи тарсро. Дуоҳои ту қувват доранд, зеро Худо дар тарафи туст. Ҳангоме ки ту дуо мегӯӣ, Худо бо туст, ва душмани ту мегурезад. Кӯдакон дар хусуси чӣ дуо мегӯянд Худованди азиз, ман ба Навиштаи Муқаддас муроҷиат мекунам, то ки аз тарсҳоям халос шавам. Забур 33 таронаи дӯстдоштаи ман аст. Ман метарсам, ки ягон узви оилаам мемурад. Илтимос, дар ҳар ҷое ки бошем, моро ҳифз намо (Миро, 11-сола). Ҳар кас тарсҳои худро дорад Кӯдакони ҳозира набояд аз ягон чиз тарсанд. Ман аз он сабаб ин тавр мегӯям, ки бо бисёр кӯдакон сӯҳбат кардаам, ва аксари онҳо дар бораи ҳамон як тарсҳо гап мезаданд. Ин аз он сабаб аст, ки ҷаҳони мо сарчашмаи бисёр тарсҳо мебошад, ва кӯдакон инро ҳис мекунанд. Дар рӯи замин касе нест, ки аз ҳеҷ чиз натарсад. На ҳар гуна тарс моҳиятан харобиовар аст. Гоҳо тарс моро аз хатар нигоҳ медорад. Он имкон намедиҳад, ки ба лаби ҷарӣ наздик шавӣ, ва ин хуб аст. Аммо агар тарс ҳаёти туро идора кунад, хоб рафтан, хурсандӣ кардан намонад ва ба иҷрои коре ки Худо аз ту интизор аст, имкон надиҳад, — пас ту бояд аз он халос шавӣ, зеро чунин тарс ба ту фоида намеоварад. Он ба ту зарар мерасонад. Дар ин маврид ту бояд дар хусуси он чи дар ту тарсро ба вуҷуд меоварад, дуо гӯӣ. Агарчи ҳақиқатан чизҳои тарсовар ҳастанд, Худо ба ҳар ҳол намехоҳад, ки ҳаёти ту бо тарс гузарад. Ӯ мехоҳад, ки ту дар бораи ҳамаи он чи туро метарсонад, ба Ӯ нақл кунӣ. Ҳангоме ки ту метарсӣ, Худо интизор аст, ки ту ба Ӯ муроҷиат мекунӣ, то ки Ӯ дили туро аз тарс озод карда, онро бо муҳаббати худ пур карда тавонад. Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки муҳаббати комил ҳама гуна тарсро меронад. И маънои онро дорад, ки дар он ҷое ки муҳаббати Худо ҳаст, ба тарс ҷой нест. Ҳангоме ки ту дуо мегӯӣ, дари ҷараёни тавонои муҳаббати Худоро мекушоӣ. Ҳузури Худо ва муҳаббати Худо ҳамаи тарсҳоро меронанд. Аммо агар тарс туро тарк накунад, аз касе ки ба ӯ боварӣ дорӣ — аз падар, модар ё ягон масеҳӣ хоҳиш намо, ки ҳамроҳи ту дуо гӯяд. Дуои якҷоя қувваи бузург дорад ва тарсро боз ҳам зудтар меронад. Ин аз он сабаб рӯй медиҳад, ки чунон ки Худо мегӯяд, дар он ҷое ки ду ё зиёда касон ба номи Ӯ якҷоя ҷамъ мешаванд, Ӯ дар байни онҳо ҳаст (ниг. Мат. 18:19–20). Бо дигарон, ҳатто бо як кас якҷоя дуо гуфта, ту аз Худо хоҳиш мекунӣ, ки ҳамроҳи шумо бошад, ва ҳамроҳи шумо будани Худо тарсҳоро меронад. Кӯдакон беш аз ҳама аз чӣ метарсанд • «Аз даст додани яке аз волидон». • «Марги ягон нафар аз аъзоёни оила». • «Марги ҳайвони хонагии дӯстдоштаи худ». • «Танҳоӣ ва набудани дӯстон». • «Дар назди атрофиён ба ҳолати ногувор афтодан». • «Аз хобҳои даҳшатнок». • «Аз он ки касе онҳоро мекушад». • «Аз он ки онҳоро медузданд». • «Аз ҳар гуна фалокатҳои табиӣ, мисли заминҷунбӣ ва сел». • «Аз он ки одамон дар бораи онҳо чӣ фикр мекунанд». Ба Худо дар бораи тарсҳои худ гӯй Худо туро аз ҳама гуна тарс озод кардан мехоҳад, ва аз ҳамин сабаб ту бояд ба Ӯ дар дуои худ оиди ҳамаи он чи туро метарсонад, нақл кунӣ. Дар бораи он чи туро метарсонад, бо Худо ошкоро гап зада, ба Ӯ бо хоҳиши ҳимоя аз ҳамаи ин муроҷиат намуда, ту ба Ӯ боварӣ менамоӣ ва тарсҳоятро ба дастони Ӯ месупорӣ. Ин тарсҳо ҳар қадар тавоно тобанд ҳам, Худо ба ҳар ҳол аз ҳамаи онҳо тавонотар аст. Агар ту хоҳиш кунӣ, Худо ҳамеша ба ёрии ту меояд. Агар ту дар дуо зуд-зуд бо Худо сӯҳбат карда, ба Ӯ дар бораи ҳамаи тарсҳоят нақл кунӣ, ҳатто агар ягон вақт ту дуо гуфтанро фаромӯш кунӣ ҳам, Ӯ ба ту ёрӣ медиҳад. Одатан касе ки бо тарс фаро гирифта шудааст, ҳисси воқеиятро аз даст медиҳад ва аз он чи дар асл тамоман барои ӯ хатар надорад, метарсад. Замоне ман як тарс доштам: ман аз аъҷубаи хаёлии зери кати хобам хеле метарсидам. Ин тарс маро то он вақт азоб медод, ки Худо маро аз ҳамаи тарсҳоям озод кард. Ман солҳои зиёд аз аъҷубаи хаёлии зери кат метарсидам, агарчи ӯ ҳеҷ гоҳ дар он ҷо набуд. Агарчи ҳеҷ яке аз дӯстонам дар зери кат ҳеҷ гуна аъҷуба надошт ва ман худам дар бораи аъҷубае ки дар зери кат зиндагӣ мекунад, чизе нашунида будам, бо вуҷуди ин якчанд сол бо ҳисси тарс аз он чи ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт, зиндагӣ кардам. Ба ҳар ҳол, дар ҳаёти ман воқеаҳое рӯй медоданд, ки аз онҳо дар ҳақиқат тарсидан лозим буд, аммо ҳангоме ки тарс маро фаро мегирифт, ман ба Худо дуо гуфтанро ёд гирифтам. Ҳангоме ки ман дар Лос-Анҷелес зиндагӣ мекардам, аз заминларзаҳо хеле метарсидам ва ҳар рӯз аз Худо хоҳиш менамудам, ки маро ва аҳли оилаамро аз ин фалокат ҳимоя намояд. Заминларзаҳое ки мо бо чашмони худ дида будем, моро метарсонданд, аммо ҳар дафъа Худо моро наҷот медод. Дар ниҳояти кор ман доимо дар бораи заминларзаҳо андешиданро бас кардам, зеро агар мо дуо гӯем, Худо моро ҳимоя мекунад ва аз тарсҳоямон озод менамояд. Боре, ҳангоме ки Исо бо қаиқ дар баҳр ҳамроҳи шогирдонаш шино мекард, тӯфони сахте рӯй дод. Шогирдон хеле тарсиданд, ки қаиқ чаппа мешавад ва ҳама ҳалок мешаванд. Исо онҳоро ором карда, гуфт, ки қаиқ ғарқ намешавад, зеро Ӯ ҳамроҳи онҳо дар қаиқ аст (ниг. Мат. 8.26). Ту бояд ин чизро дар ёд нигоҳ дорӣ: ҳангоме ки метарсӣ, метавонӣ ба Исо муроҷиат намоӣ, ва Ӯ меояд. Ӯ ҳамеша дар бари ту дар қаиқи туст, ва ҳузури Ӯ туро ҳимоя мекунад. Худо ба дуои ман ҷавоб дод Мо бо ҳавопаймо аз болои уқёнус ба Африқо парвоз доштем, ва дар дилам изтироб буд, зеро мо ба кишваре равона будем, ки ба Амрико монанд набуд. Ман бисёр асабонӣ мешудам ва борҳо ба Худо дуо гуфта, аз Ӯ хоҳиш мекардам, ки моро ҳимоя кунад. Ва Ӯ чунин кард! (Эмилӣ, 10-сола) Боре, ҳангоме ки ман дар хона танҳо будам, маро тарс фаро гирифт. Ман аз Худо хоҳиш кардам, ки маро ором кунад, ва Ӯ ба ман ёрӣ дод ( Аарон, 11-сола). Марде ки бар зидди кӯдакон ҷинояти ҷиддӣ содир карда буд, аз ҳабс баромад ва дар хонае сокин шуд, ки холаам зиндагӣ мекард. Хонаи холаам дар назди мактаб буд. Ман ва модарам дар бораи он дуо мегуфтем, ки Худо кӯдакони ин мактаб ва сокинони он хонаро ҳимоя намояд. Баъди як ҳафта холаам ба мо занг зада, гуфт, ки он шахс ба ҷои дигар кӯчид (Бенҷамин, 9-сола). Ман шабона дар ҳуҷраи худ тарсидам. Ман кӯшиш кардам дуо гӯям, аммо тарс дур намешуд. Он гоҳ ман назди волидон рафта, ба онҳо дар хусуси тарсҳоям гуфтам. Падарам ҳамроҳи ман ба ҳуҷраам омад, ва мо якҷоя ба Худо дуо гуфтем ва аз Ӯ хоҳиш кардем, ки рӯҳи тарсро дур кунад, ва Исоро барои он шукр­гузорӣ намудем, ки Ӯ ҳамеша дар бари мост. Пас аз дуо ҳамеша аҳволи ман беҳтар мешавад, ва ман оромона хобидам (Ҷошуа, 10-сола). Агар шабона аз чизе метарсида бошӣ Оё ягон вақт тарсеро ҳис кардаӣ, ки сабабашро намедонистӣ? Гоҳо ягон фикри даҳшатовар ё намоиши телевизионӣ, китобчаи даҳшатовар ё ҳикояи даҳшатовари дӯстон моро метарсонад. Аммо гоҳо чунин мешавад, ки туро тарс фаро мегирад, лекин ту намефаҳмӣ, ки маҳз аз чӣ метарсӣ. Боре писарам Кристофер, ки он вақт 11-сола буд, бе ҳеҷ як сабаби намоён хобҳои даҳшатовар медидагӣ шуд. Ҳанӯз пештар тамоши филмҳои даҳшатовар барои ӯ манъ шуда буд, ва дар ин муддат бо ӯ ҳеҷ воқеаи даҳшатовар рӯй надода буд, бинобар ин мо ҳайрон будем. Мо ҳар бегоҳ ҳамроҳи Кристофер дуо мегуфтем, аммо хобҳои даҳшатовар ӯро боз ҳам таъқиб менамуданд. Боре, ҳангоме ки ӯ дар мактаб буд, ман барои ӯ дуо мегуфтам, ва ногоҳ ҳис кардам, ки Худо маро водор мекунад ба ҳуҷраи писарам даромада, бозиҳои видеоии ӯро бинам. Дарҳол як бозии саргузаштии нақшдорро дида мондам, ки ба Кристофер яке аз рафиқони ҳаммактабаш дода буд. Агарчи зоҳиран қуттича муқаррарӣ метофт, дар дастури бозӣ ман як чизи бадро дидам. Ман гуфтам: «Туро шукр мегӯям, Исо, барои он ки инро ба ман нишон додӣ» — ва дарҳол ин бозии видеоиро аз ҳуҷра берун баровардам Ҳангоме ки Кристофер аз мактаб баргашт, ман ба ӯ онро нишон додам. Ӯ гуфт, ки ҳанӯз бо он бозӣ аз наздик шинос нашудааст ва дастури онро низ нахондааст. Ӯ дарҳол он бозиро ба соҳибаш баргардонд. Ҳангоме ки бегоҳӣ падари Кристофер ба хона омад, мо ҳама якҷоя дуо гуфта, Ӯро ба ҳуҷраи писарамон даъват намудем, ва хоҳиш кардем, ки Худованд онро бо осоиши Худ пур кунад. Худи ҳамон шаб хобҳои даҳшатноки писарам қатъ гардиданд. Агар рӯзона ё шабона дар ҳуҷраат метарсида бошӣ, агар хобҳои даҳшатовар бинӣ, аз падар, модар ё ягон масеҳии калонсол, ки ба ӯ боварӣ дорӣ хоҳиш кун, ки ҳамроҳи ту дар бораи раҳоӣ аз тарс дуо гӯяд. Аз Худо хоҳиш кун ба ту нишон диҳад, ки оё дар ҳуҷраи ту ягон чизе ҳаст, ки Ӯро ҷалол намедиҳад. Кӯшиш кун аз ҳамаи он чи айбҳои инсонӣ ё одамони бехудоро ситоиш мекунад (плакатҳо, дискҳои мусиқӣ, китобҳо, маҷаллаҳо, бозиҳо, суратҳо, филмҳо), даст кашӣ. Бе ин чизҳо ту хеле осудатар хоб меравӣ. Худо аз ҳамаи он чи туро метарсонад, тавонотар ва боқувваттар аст. Дар ҳузури Худованд ту набояд аз чизе тарсӣ. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худованд нури ман ва наҷоти ман аст: аз кӣ тарсон бошам? Худованд истеҳкоми ҷони ман аст: аз кӣ ҳаросон бошам?» (Заб. 22:1). Магар ин мӯъҷизаосо нест? Агар Худованд нури ту бошад, ҳатто агар дар торикӣ бошӣ ҳам, рӯшноии Ӯ бо туст. Агар Худованд қуввати ту бошад, ҳатто дар рӯ ба рӯи вазъиятҳои тарсовар ва гӯё рафънашаванда ту намеларзӣ, зеро онҳо ҳеҷ гоҳ аз Худои тавоно тавонотар нестанд. Ва Худо ҳамеша дар тарафи туст. Ҳангоме ки ман метарсам, ба хотир меоварам, ки Худо дар бораи тарс чӣ мегӯяд • «Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард » (Иш. 41:10). • «Зеро ки Худо ба мо на рўҳи тарсу ҳаросро, балки рўҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ додааст» (2 Тим. 1:7). • «Тарсончакии одам ба дом меоварад, вале касе ки ба Парвардигор таваккал кунад, аз хатар эмин аст» (Мас. 29:25). • «Дар водии зулмот роҳ равам ҳам, аз бадӣ наметарсам, чунки Ту бо ман ҳастӣ; асо ва чӯбдасти Ту маро тасаллӣ медиҳад» (Заб. 22:4) Дуои ман ба Худо Худованди азиз, ба ман ёрӣ деҳ, ки тарсамро мағлуб намоям. Ана он чи маро беш аз ҳама метарсонад: .............. ва ................. Илтимос, маро аз ҳамаи ин ҳимоя намо. Роҳ надеҳ, ки бо ман ягон воқеаи бад рӯй диҳад. Туро шукр мегӯям, ки ваъда додаӣ маро ҳимоя мекунӣ ва ҳамеша дар ҳаққи ман ғамхорӣ менамоӣ. Туро ташаккур мегӯям, ки ба ман на рӯҳи тарс, балки рӯҳи қувват ва муҳаббатро додаӣ. Ба ман ёрӣ деҳ, ки доимо инро дар ёд дошта бошам. Ба номи Исо дуо мегӯям. Худованди азиз, боз чизе ҳаст, ки ман имрӯз дар бораи он дуо гуфтан мехоҳам… Суханони Худо, ки ба ман нигаронида шудаанд Худовандро талабидам, ва маро иҷобат намуд, ва аз ҳамаи тарсҳоям маро халосӣ дод. Заб. 33:5 БОБИ 3 ҲАНГОМЕ КИ МАН ДАРДЕ ДОРАМ, БА ХУДО МУРОҶИАТ МЕКУНАМ Оё ягон вақт дарду алам ва ранҷиш ҳис кардаӣ? Шояд маҳз ҳозир ту ҳамин гуна ҳиссиёт дорӣ? Оё чунин шудааст, ки ҳангоме ки ҳама атрофиён хурсанд метофтанд, ту ғамгин будӣ? Агар чунин бошад, гумон накун, ки дар ту ягон из нодуруст аст. Ин дурӯғ аст. Ҳамаи одамон дар рӯи замин вақтҳои хуб ва бад, хурсандибахш ва ғамангез, хушбахтона ва бадбахтона доранд. Ҳаёт ҳамин тавр аст. Ҳангоме ки ту ғамгин ҳастӣ ё аз касе ранҷидаӣ, дар ин бора ба Худо бигӯй, ва ӯ дарди туро осуда мекунад. Ӯ ҳиссиёти туро дигаргун мекунад. Ва аз он ки дигарон, бар хилофи ту, ҳамеша хурсанд метобанд, парво накун, зеро намедонӣ, ки чӣ гуна шодӣ туро дар пеш интизор аст ва кай бо он вомехӯрӣ: шояд пас аз як соат, шояд пагоҳ. Ту ҳамчунин намедонӣ, ки дигарон бо кадом озмоишҳо дучор хоҳанд шуд. Ҳар кас барои ғам ва шодӣ вақти худро дорад. Ҳамеша ҳамин тавр аст. Мушкилиҳо дар роҳи зиндагии мо мақсади муайяне доранд, Аввалан, онҳо туро водор мекунанд, ки дуо гӯӣ, ба Худо муроҷиат намуда, ба Ӯ дар бораи ҳиссиёти худ гап занӣ, то ки Ӯ дарди туро ба некӯӣ гардонда тавонад. Сониян, вақтҳои душворӣ ба ту чизи навро меомӯзанд. Дар чунин давраҳо ту мефаҳмӣ, ки чӣ гуна ба дигарон ҳамдардӣ кардан лозим аст. Вақтҳои душворӣ ёрӣ медиҳанд бовар намоӣ, ки Худо вазъиятро сӯи беҳбудӣ тағйир дода метавонад, ва ҷавобҳои Ӯро ба дуоҳои худ пурсаброна интизор шавӣ. Вақте ки касе ба ту даст мерасонад Баъзе кӯдакон ба ҳиссиёти дигарон бепарвоянд. Ин кӯдакон дигар хел буда ҳам наметавонанд, зеро падару модар эҳтиром намудани ҳиссиёти атрофиёнро ба онҳо ёд надодаанд. Ин кӯдакон ба ҳамсолони худ суханони нафратоваре мегӯянд, ки онҳоро хеле меранҷонанд. Баъзе бачаҳо ҳамчун авбошони ҳақиқӣ рафтор менамоянд. Онҳо худпараст буда, ғайр аз худ дар ҳаққи каси дигар ғамхорӣ намекунанд (духтаракон низ ҳамин тавр буда метавонанд). Оё ту ягон вақт шунидаӣ, ки писар ё духтареро бо суханони бад ва аламовар таҳқир карда бошанд? Ман шунидаам, ки кӯдакон якдигарро «бадзот», «ғафс», «беақл», «аҳмақ» меноманд. Ман чунин суханонеро низ шунидаам, ки такрор карда наметавонам, — онҳо то он андоза даҳшатовар ва аламовар буданд. Ман тасаввур карда метавонистам, ки шахсе ки ин суханон ба ӯ гуфта шуда буданд, то чӣ андоза дарду алам эҳсос менамуд, аммо ман он вақт хурдакак ва беҷуръат будам, то ки ӯро ҳимоя намоям, бинобар ин хомӯш будам. Агар касе дар пеши назари ту писарак ё духтаракеро ранҷонад, барои шахси ранҷида дуо гуфта, аз Ӯ хоҳиш намо, ки дарду алами ӯро сабук кунад. Ҳамчунин барои шахси ранҷонанда дуо гӯй, то ки Худо дили Ӯро дигаргун карда, ба ӯ ҳамдардиро омӯзад. Ман борҳо дидаам, ки Худованд ба чунин дуоҳо ҷавоб додааст. Ҳангоме ки шахсро бо лақабҳои бад ном мебаранд, ӯ инро ба муддати солҳо дар ёд нигоҳ медорад, ва ҳар боре ки он лақабҳои таҳқиромезро ба ёд меоварад, дарду алам бозмегардад. Суханони бад на танҳо касеро, ки онҳо ба ӯ гуфта шудаанд, балки ҳамчунин касонеро, ки онҳоро мешунаванд, меранҷонанд. Ин суханон ба шахси ранҷонанда низ зарар мерасонанд, агарчи ӯ инро пай намебарад. Ин аз он сабаб рӯй медиҳад, ки касе ки шахси дигарро бо суханони таҳқиромез номбар мекунад, ё дар ҳаққи ӯ бадгӯӣ мекунад, ба баракатҳои Худо имкон намедиҳад, ки ба сӯи ӯ ҷорӣ шаванд. Ба Худо маъқул нест, ки касе ягон нафари фарзандони Ӯро таҳқир мекунад ё меранҷонад, ва ягон вақт соати ҷазо фаро мерасад. Оё ягон вақт суханони шахси дигар туро ранҷондаанд? Маро ранҷондаанд. Оё ту бо писарак ё духтараки дағал ва беҳиссиёт вохӯрдаӣ? Ман вохӯрдаам. Оё ягон вақт мушоҳида кардаӣ, ки гурӯҳи кӯдакон зидди ягон писарак ё духтарак муттаҳид шуда, ӯро аз ҷамъияти худ меронданд? Ман инро дидаам. Оё ягон вақт шунидаӣ, ки гурӯҳи кӯдакон дар бораи яке аз ҳамсолонашон гапҳои бад мегӯянд, ва кӯшиш мекунанд ҳарчи бештар одамон ин суханонро шунаванд, то ки ин шахсро беобрӯ кунанд? Ман шоҳиди чунин мавридҳо будам. Шояд, ту низ. Агар чизе ба ин монанд дар ҳаёти ту рӯй дода бошад, дар ёд нигоҳ дор, ки одамон (аз он ҷумла, кӯдакон) ҳар қадар бераҳм бошанд, Худо нек ва меҳрубон аст. Агар ҳозир касе туро ранҷонад, дон, ки Худо дар тарафи туст. Ба Худо дар бораи захмҳои рӯҳии худ гӯй ва аз Ӯ хоҳиш кун, ки рӯҳу ҷони туро шифо диҳад; аз Ӯ хоҳиш намо, ки туро аз хотираҳои дарднок озод кунад ва касонеро, ки бо ду бераҳмӣ кардаанд, бахшад. Кӯдакон дар хусуси чӣ дуо мегӯянд Худованд, ба ман ёрӣ деҳ касеро, ки маро ранҷонидааст, бахшам, то ки офтоб бо хашми ман ғуруб накунад[1]. Ба номи Исо хоҳиш мекунам. Омин (Кэти, 11-сола). Агар ман ин шахсро бахшидан нахоҳам чӣ? Чӣ чиз бадтар аз он буда метавонад, ки кас худро ранҷида ҳис кунад? Кас аз ин зиқ мешавад, ва дарду алам касро фаро мегирад. Гоҳо ба шахси ранҷонанда ҳамон гуна ҷавоб додан мехоҳӣ, то ки ӯ низ ҳис кунад, ки ин то чӣ андоза дарднок аст. Аммо Худо мефармояд, ки касонеро, ки ба ту дард мерасонанд, бахшӣ. Набояд фикр кунӣ, ки агар шахсро бахшӣ, рафтори ӯро таҳсин менамоӣ, — дар асл ту қарор медиҳӣ дигар дар бораи он чи рӯй дод, фикр накунӣ, ва аз ин одамон наранҷӣ. Бахшидани касе ки ҳиссиёти туро таҳқир намуд, хеле душвор аст. Агар туро барқасд ранҷонда бошанд, аз он тасалло ёб, ки ту дар ҷои шахси ранҷонанда нестӣ, зеро Худо ба касоне ки фарзандон Ӯро меранҷонанд, ҳусни таваҷҷӯҳ надорад. Шахсе ки дидаву дониста ба шахси дигар дард мерасонад, баракатҳои Худоро, ки барои ӯ тайёр карда шудаанд, ба даст намеоварад. Ҳангоме ки ту чунин шахсро мебахшӣ, аз хотираҳои вазнин раҳо мешавӣ ва ба баракатҳои Худо дар ҳаёти худ роҳ медиҳӣ. Одамоне ҳастанд, ки тасодуфан, аз боиси бедиққатӣ ба ҳиссиёти дигарон ё аз боиси рамузфаҳм набуданашон ба мо дард мерасонанд. Аммо дар ин маврид дарду алам камтар намешавад. Агар туро тасодуфан ранҷонда бошанд, ту метавонӣ дар хусуси он дуо гӯӣ, ки шахсе ки ба ту дарду алам расондааст, нисбати дигарон бодиққат буданро ёд гирад. Гоҳо ранҷиш чунон сахт мешавад, ки худи фикр дар бораи бахшидан ғайриимкон метобад. Аммо Худо барои бахшидан ёрӣ медиҳад. Ту бояд дуо гӯӣ ва аз Ӯ мадад хоҳиш намоӣ. Моҳиятан, ҳар боре ки шахси дигарро бахшидан душвор мешавад, ба Худо муроҷиат кардан даркор аст. Ба Худо дар бораи он чи рӯй дод, нақл кардан ва гуфтан даркор аст, ки чаро ту худро маҳз ҳамин тавр ҳис мекунӣ. Ба Ӯ гӯй, ки дар дил ранҷишро нигоҳ доштан намехоҳӣ, ва аз он озод шудан мехоҳӣ, то ки аз ояндаи олидараҷае ки Ӯ барои ту тайёр кардааст, шод шавӣ. Ҳангоми дуои ту Худованд дигаргун кардани дилатро сар мекунад. Чизи гаронбаҳоро аз даст додан аламовар аст Ҳамаи мо гоҳ-гоҳ чизеро аз даст медиҳем. Ва гоҳо ин ба мо дард мерасонад, хусусан агар он чиз бароямон арзиши муайян дошта бошад. То он дараҷае ки ман медонам, дуздон дучархаҳо ва ё дигар моликияти бисёр кӯдаконро медузданд. Ҳа, ин талафоти калон аст, зеро нархи дучарха зиёд аст ва навашро харидан на ҳамеша осон аст. Чунин мешавад, ки умуман чизи аз даст рафтаро бо дигарӣ иваз кардан имкон надорад. Боре ман ҳамёнамро бо ҳамаи пулҳое ки дар зодрӯзам гирифта будам, гум кардам. Аммо аз ҳама бадтар он буд, ки ҳамроҳи ҳамён ман суратҳоеро гум кардам, ки бароям хеле гаронбаҳо буданд ва онҳоро барқарор кардан номумкин буд. Ин талафот маро солҳо ғамгин мекард. Агарчи аз даст додани ашёҳо ба мо бисёр ҳиссиёти нохуш мерасонад, мо дар дуо аз Худо хоҳиш карда метавонем, ки барои ёфтани чизи гумшуда ёрӣ расонад ё имкон диҳад, ки онро бо ягон чизи дигар иваз намоем. Дар ҷавоби чунин дуо Худо моро тасалло медиҳад ва барои паси сар кардани ин нохушӣ ёрӣ медиҳад. Аз даст додани касоне ки дӯсташон медорем, дарднок аст Аз даст додани шахс назар ба аз даст додани ашё дардноктар аст, зеро ки арзиши инсон назар ба арзиши ҳар гуна ашё беандоза зиёд аст. Дар бораи аз даст додани одамон гап зада, ман дар назар надорам, ки шахсро дар ягон ҷой мондан ва баъд ҳеҷ гоҳ наёфтан мумкин аст, — сухан дар бораи он меравад, ки гоҳо одамон аз ҳаёти мо мераванд. Масалан, ба ҷои дур мераванд ё мемиранд. Дар ҳар ҳолат ҳангоми аз даст додани шахсони азиз дарду алами зиёд ҳис мекунем. Аммо дар ин маврид ҳам метавонӣ барои тасалло назди Худо биёӣ, ба Ӯ дар бораи ғами худ гап занӣ, ва Ӯ ҳиссиёти туро мефаҳмад ва дили туро бо муҳаббати худ ламс мекунад. Худо мегӯяд, ки одамоне ки андӯҳгин ҳастанд ва мегирянд, тасаллои махсус меёбанд (ниг. Мат. 5:4). Ман дар таҷрибаи худ ба ин боварӣ ҳосил намудам. Ҳангоме ки дугонаи беҳтаринам вафот кард, дарду алами ман тоқатфарсо буд. Аммо ман аз дигарон хоҳиш кардам, то бароям дуо гӯянд ва ба зудӣ ҳис кардам, ки дилам ором шуда истодааст. Ин як чизи махсус мебошад, ва танҳо Худованд ба ин қодир аст. Бинобар ин аз марги шахси наздик ё ҷудоӣ аз ӯ натарс; зеро дар ин маврид Худо дар бари ту хоҳад буд ва туро чунон тасалло хоҳад дод, ки фақат Ӯ он гуна тасалло дода метавонад. Худо ба дуои ман ҷавоб дод Ман дар хусуси он дуо гуфтам, ки аҳволи бибиям баъди сактаи майна хуб шавад. Ӯ дар ҷойгаҳ наҷунбида мехобид. Ман дар як рӯз ду бор дуо мегуфтам, ва баъди ду ҳафта аҳволи саломатии бибиям хуб шуд (Сиерра, 10-сола). Ба ягон кас дар хусуси дардат гап зан Ҳангоме ки дарди дилатро ба касе мегӯӣ, худро беҳтар ҳис мекунӣ. Бо модар, падар, бибӣ ё бобо, хола, амма, амак ва тағо, шубон ё ягон ходими дигари калисо гап зан. Дар ҳақиқат худро беҳтар ҳис хоҳӣ кард. Ва агар шахсе ки ту дарди дилатро мегӯӣ, ҳамроҳи ту дуо гуфта тавонад, боз ҳам беҳтар. Ҳатман ба Худо дар бораи ҳиссиёти худ гап зан. Ӯ бе ин ҳам медонад, аммо мехоҳад инро аз ту шунавад. Ӯ мефаҳмад, ки баён намудани дарди дил то чӣ андоза бароят муҳим аст. Он чиро, ки туро ғамгин мекунад, номбар намо: 1. 2. 3. 4. Оё ҳозир аз ягон чиз ғамгин ҳастӣ? Агар чунин бошад, дар ин бора худи ҳозир дар поёнтар ба Худо дуо навис. Агар ҳозир барои ғамгинӣ сабабе набошад, дуоеро навис, ки дар он ба Худо дар бораи ҳиссиёти худ нақл мекунӣ, ва аз Ӯ хоҳиш кун, ки туро аз ҳама гуна ғамҳо ва талафот дар оянда эмин нигоҳ дорад. Сабабҳои ғамгиншавӣ ҳар қадар зиёд бошанд ҳам, ҳамеша чизе ҳаст, ки метавонад моро хурсанд карда, ба шукргузорӣ водор намояд. Дар давраи андӯҳи дил ба худ ёдрас намудани он чи моро хушбахт менамояд, хуб аст. Рӯйхати иборат аз даҳ чизро навис, ки туро хурсанд мекунанд ва дилатро бо шукргузорӣ пур менамоянд, ва баъд, дар лаҳзаҳои дарду алам, онҳо гаштаву баргашта хон. 1. 2. 3. 4. 5. 6. 7. 8. 9. 10. Худованди азиз, ман ҳис мекунам ................................................... Агар аз боиси ҷудошавии падару модар шахси наздикатро аз даст дода бошӣ Шояд ту ақаллан як шахси калонсолро медонӣ, ки ҷудошавиро аз сар гузорондааст. Шояд ин шахс падар ё модари туст. Ҷудошавӣ озмоиши сахт аст, хусусан барои кӯдакон. Ҷудошавии оила дилҳои аҳли оиларо сахт захмдор мекунад. Гоҳо фарзандон дар ҷудошавии падару модар худро айбдор ҳис мекунанд, гӯё онҳо бо ягон восита ба ҷудошавӣ роҳ надода метавониста бошанд. Ва гоҳо онҳо гумон мекунанд, ки агар онҳо фарзандони бештар итоаткор мебуданд, яке аз волидон оиларо тарк намекард. Аммо гап дар он аст, ки кӯдак сабабгори вайроншавии оила шуда наметавонад. Ҳеҷ гоҳ. Ин ҳамеша ва пурра масъалаи калонсолон аст. Агар дили ту пур аз дарди он бошад, ки шахси бароят наздик аз ин ҷудошавӣ гузаштааст, акнун шумоён чун пештара бо ҳамдигар буда наметавонед, дон, ки Худо мехоҳад дили туро шифо диҳад. Ба Ӯ дар бораи ҳиссиёти худ гап зан, ва Ӯ ба муҳабат ба ту даст мерасонад ва захмҳои дили туро шифо медиҳад. Шояд падару модари ту ҷудо нашудаанд, аммо ту метарсӣ, ки ин рӯй медиҳад? Агар чунин тарс дошта бошӣ, ба Худо муроҷиат намуда, хоҳиш кун, ки туро тасалло диҳад. Ба модар ва падарат дар хусуси ҳиссиёти худ гӯй ва аз онҳо хоҳиш намо, ки ҳамроҳи ту дар хусуси раҳоӣ аз ин тарс дуо гӯянд. Агар бо вуҷуди дуоҳои ту, падару модарат ҷудо шаванд, худро дар ин гуноҳкор накун ва Худоро айдор накун, ки ба дуоҳои ту ҷавоб нагуфт. Дуоҳои мо қарори ягон касро дигар карда наметавонанд. Ҳатто Худо зидди иродаи инсон амал намекунад. Агар инсон қарор диҳад, ки маҳз ҳамин гуна ва на ба таври дигар амал намояд, ту барои халал расондан ҳеҷ кор карда наметавонӣ. Ман дугонаи наздик доштам, ки падару модараш ҷудо шуда буданд. Ба ӯ лозим омад, ки бо модараш кӯчида равад, ва ман ӯро дигар ҳеҷ гоҳ надидам. Ҷудошавии падару модар дар ҳаёти шахс ҳама чизро дигар мекунад. Он дарди сахт мерасонад. Аммо Худо рӯҳу ҷони аз ҷудошавии падару модар захмдоршударо шифо дода метавонад. Агар ту вазъиятро тағйир дода натавонӣ Кӯдак ба рафтори калонсолон таъсир расонда наметавонад. Шояд модар ва падари ту бисёр ҷанҷол мекунанд; шояд дар оилаи ту бо пардохи пули хизматрасониҳо душвориҳо бошанд, ё яке аз волидон маҷбур аст дар ҷои кор вақти бисёреро гузаронад, ё шояд яке аз аъзоёни оилаат бемории вазнин дорад. Ҳангоме ки чунин мушкилиҳо ба миён меоянд, ҳаёти оила хеле вазнин мешавад. Фақат донистан лозим аст, ки ба ҳар як оила дар давраи муайян бо вазъиятҳои муайян мубориза бурдан лозим меояд. Дар ҳаёти ҳар як оила ҳам давраҳои хуб, ҳам давраҳои бад мешаванд. Аммо дуои ту бисёр чизҳоро дигаргун карда метавонад. Новобаста ба он ки аз чӣ ғамгин ҳастӣ, бидон, ки Худо бо туст. Ӯ мебинад, ки чӣ рӯй дода истодааст. Ба Ӯ наздиктар бош ва дилатро ба Ӯ кушо. Аз Ӯ хоҳиш кун, ки вазъиятро тағйир диҳад, ва Ӯ ёрӣ медиҳад, ки замонҳои душворро паси сар кунӣ. Ба зудӣ ту худро боз хушбахт ҳис мекунӣ. Дар зиндагӣ бисёр чизҳо ба мо дард расонида метавонанд. Бисёр масъалаҳои ҳалталаб ҳастанд, ки бо онҳо рӯ ба рӯ шудан лозим меояд. Аммо Худо мехоҳад, ки ту ба Ӯ дар бораи ҳамаи мушкилиҳо ва андӯҳҳоят гап занӣ, ва Ӯ аз ӯҳдаи онҳо баромаданро ба ту ёд медиҳад. Фақат бидон, ки ҳангоме ки ту дар назди Худо ҳастӣ, дар ҳаёти ту барои ноумедӣ ҷой нест. Вазъиятҳои ҳаёти ту ҳар қадар даҳшатовар тобанд ҳам, онҳо дигаргун мешаванд. Худо ҳатман дар ҳаққи ту ғамхорӣ мекунад ва ҳеҷ гоҳ туро тарк намекунад ва намепартояд. Дар давраҳои мушкилот Ӯ ҳамеша дар барат хоҳад буд. Дуои ман ба Худо Худованди азиз, Туро шукр мегӯям, ки ҳангоме ман дарду алам дорам, Ту ҳамеша ба ман ёрӣ медиҳӣ. Барои он шукр мегӯям, ки Ту маро дӯст медорӣ ва ҳамеша маро тасалло медиҳӣ. Вақтҳои охир ман аз вазъияти зерин хеле ғамгин мешавам: ............... Ман аз Ту илтиҷо мекунам, ки диламро шифо диҳӣ. Ба ман ёрӣ деҳ, ки ҳамаи касонеро, ки маро ранҷондаанд, бахшам. Ба ман ёд деҳ, ки дар оянда аз мавридҳои ранҷидани худ натарсам ва аз ин сабаб ба одамон боварӣ карданро бас накунам. Ба номи Исо дуо мегӯям. Худованди ман, боз чизе ҳаст, ки ман имрӯз дар хусуси он дуо гуфтан мехоҳам. Суханони Худо, ки ба ман нигаронида шудаанд Хушо шумо, ки ҳоло гирён ҳастед, зеро ки хандон хоҳед шуд. Луқ. 6:21 БОБИ 4 МАН АЗ ХУДО ХОҲИШ МЕКУНАМ, КИ ҲАНГОМЕ ДУО ГУФТАНАМ ДУШВОР АСТ, БА МАН ЁРӢ ДИҲАД Оё ягон вақт чунин мешавад, ки дуо гуфтанат душвор аст? Агар чунин бошад, ғамгин нашав. На танҳо ту бо чунин душвориҳо рӯ ба рӯ мешавӣ. Ҳамаи одамон, новобаста ба синну сол, дар ин ё он вақт ба ҳолате дучор мешаванд, ки дуо гуфтанашон душвор аст. Ҳатто калонсолон. Аммо мо метавонем аз Худо хоҳиш намоем, ки дар дуо гуфтан ба мо ёрӣ диҳад, ва Ӯ ин корро мекунад. Як духтараки хурдсол аз он ғамгин буд, ки бародари калонияш ба иёлати дигар кӯчиданӣ буд, зеро дар он ҷо кори нав ёфт. Вай дар бораи он дуо гуфтан мехост, ки бародараш наравад, зеро медонист, ки ӯро хеле пазмон мешавад. Дар айни замон духтарак намехост, ки бародараш кори навашро аз даст диҳад. Он гоҳ вай аз Худо хоҳиш кард, ки ба вай ёрӣ диҳад. Ва Худо ба духтарак нишон дод, ки вай бояд дар хусуси он дуо мегуфт, ки дар ҳаёти бародараш хости Ӯ ба амал ояд. Духтарак ба дуо гуфтан сар кард, ва ба Худо гуфт, ки агар Худо рафтани бародарашро хоҳад, бигузор чунин шавад, ва аз Худо хоҳиш кард, ки вайро тасалло диҳад. Худо ба дуоҳои вай ҷавоб дод, ва бародари духтарак ба иёлати дигар кӯчид, аммо духтарак осудагӣ ба даст овард ва ҷудоиро хеле осонтар аз он ки тасаввур мекард, аз сар гузаронд. Худо духтаракро дастгирӣ намуд, то ки ӯ бисёр ғамгин нашавад. Азбаски Худо медонист, ки дуо гуфтанамон душвор мешавад, Ӯ ваъда дод, ки ба мо Рӯҳулқудсро медиҳад. Ҳозир Рӯҳулқудс дар ту сокин аст ва ба ту ёрӣ мерасонад. Рӯҳулқудс эҳтиёҷоти туро аз худат беҳтар медонад. Ва азбаски Ӯ дар ҳар як вазъият чӣ гуна дуруст рафтор намуданро медонад, Ӯ чӣ гуна ба ту дар дуо гуфтан ёрӣ расонданро медонад. Шояд ту гумон мекунӣ: «Агар Худо бе ин ҳам эҳтиёҷоти маро донад, чаро ман бояд ду гӯям?» Гап дар он аст, ки Худо мехоҳад, ки ту бо Ӯ муошират намоӣ. Ва бо дархостҳо ба Ӯ муроҷиат намоӣ, ва дар назди Ӯ бошӣ, ва бо роҳҳои Ӯ қадамгузор бошӣ. Ӯ мехоҳад, ки ту ба Ӯ вобаста бошӣ ва ғамхориро дар хусуси эҳтиёҷоти худ ба ихтиёри Ӯ супорӣ. Кӯдакон чиро дар дуо душвортарин меҳисобанд • «Бовар кардан ба он, ки Худо маро ҳақиқатан мешунавад». • «Боварӣ доштан ба он, ки Худо ҳаст». • «Ҷавоби дуои худро муддати зиёд интизор шудан». • «Ташвиш кашидан аз он, ки Худо хоҳиши маро рад мекунад». • «Тарзи дурусти дуо гуфтанро надонистан». • «Эътироф намудани хатоҳои худ». • «Боварӣ доштан ба он, ки ба дуои худ ҷавоб ба даст меоварӣ». • «Барои дуо ёфтани ҷои хилват, то ки диққати кас ба дуо равона карда шавад». • «Гуфтугӯ кардан бо касе ки ман ӯро намебинам». • «Шунидани овози Худо». • «Барои душманон дуо гуфтан». • «Ба даст овардани ҷавоби номатлуб». • «Шубҳа кардан ба он, ки дуои ман ҳақиқатан қувват дорад». • «Барои дуо вақт ёфтан». Чаро дуо гуфтани кӯдакон гоҳо душвор аст Гоҳо дуо гуфтани кӯдакон душвор аст, зеро онҳо фикр мекунанд, ки ин корро карда наметавонанд. Ё ба онҳо чунин метобад. Шояд, онҳо чӣ тавр дуо гуфтани калонсолонро шунидаанд, ва ба хулосае омадаанд, ки айнан ҳамин тавр бояд дуо гӯянд. Аммо Худо на ба тарзи сухангӯӣ, балки ба дили ту менигарад. Беш аз ҳама Ӯ дуои оддии самимиро қадр мекунад. Гоҳо дуо гуфтани кӯдакон душвор аст, зеро онҳо худро барои гирифтани ҷавобҳо ба дуоҳояшон нолоиқ меҳисобанд. Шояд онҳо рафтори бад кардаанд ва худро айбдор ҳис мекунанд. Маҳз аз ҳамин сабаб Худо моро даъват мекунад, ки гуноҳҳо ва хатоҳоямонро дар назди Ӯ эътироф намоем. Ӯ мехоҳад моро аз ҳисси айбдорӣ озод намояд. Гуноҳ моро аз Худо ҷудо мекунад, аммо Ӯ инро намехоҳад. Ҳангоме ки мо нодуруст рафтор менамоем, Ӯ моро бо барқ зарба задан намехоҳад. Ӯ интизор мешавад, ки мо назди Ӯ баргардем ва дар назди Ӯ гуноҳҳои худро эътироф намоем, то ки Ӯ ҳама чизро ислоҳ карда тавонад. Гоҳо дуо гуфтани кӯдакон душвор аст, зеро Худо барои онҳо хеле дур метобад. Ба фикри кӯдакон, ба дуои онҳо лозим меояд, ки масофаҳои азимро тай намоянд, то даме ки ба гӯшҳои Худо расанд. Аммо чунин нест. Худо дар назди мост, зеро Рӯҳи Ӯ дар мо сокин аст, Ӯ мегӯяд, ки ҳангоме ки мо ба Ӯ наздик мешавем, Ӯ ба мо наздик мешавад. Фақат қадами аввалинро бояд мо гузорем. Гоҳо дуо гуфтани кӯдакон душвор аст, зеро дуои онҳо вақти бисёрро металабад. Онҳо чунин меҳисобанд, ки агар дуои онҳо давомнок набошад, он таъсирбахш намешавад. Аммо чунин нест, зеро Худо ҳатто кӯтоҳтарин дуоро мешунавад. Албатта, ҳар қадар дарозтар дуо гӯӣ, ба Худо бештар нақл карда метавонӣ ва ҳамон қадар бештар ҷавобҳо ба даст меоварӣ. Аммо Худо ҳар як сухани дуои туро мешунавад. Дуои ту ҳар қадар кӯтоҳ бошад ҳам, барои Худо муҳим аст. Гоҳо дуо гуфтани кӯдакон душвор аст, зеро онҳо боварӣ надоранд, ки дуруст дуо мегӯянд. Аммо дар ин хусус умуман ташвиш кашидан лозим нест, зеро дуоҳои нодуруст вуҷуд надоранд. Дар дуо ту бо Худо гуфтугӯ мекунӣ, ва аз ту фақат талаб карда мешавад, ки суханонат самимӣ бошанд. Ҳатто агар чизи дархост мекардаат бо хости Худо мувофиқат надошта бошад ҳам, ҳеҷ воқеаи бад рӯй намедиҳад. Ин ғайриимкон аст, зеро хости Худо аз он иборат аст, ки ту дуо гӯӣ. Ту набояд ташвиш кашӣ, ки оё Худованд он тавре ки интизор ҳастӣ, ҷавоб медиҳад ё не. Дуоҳои ту Худоро водор карда наметавонанд, ки зидди хости Худ амал намояд. Худо ҳеҷ гоҳ чунин намегӯяд: «Ана! Ман чӣ кардам! Чӣ тавр ман ба ин роҳ додам! Акнун ман чӣ кор кунам?» Ӯ ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки дар ҳаёти ту он чи Ӯ намехоҳад, рӯй диҳад. Бинобар ин ту набояд дар ин хусус ташвиш кашӣ. Гоҳо дуо гуфтани кӯдакон душвор аст, зеро онҳо худро хеле хурд ҳис мекунанд, ва мушкилоте ки дар борааш дуо мегӯянд, ба онҳо хеле калон метобанд. Аммо мураккабии мушкилоти ту аҳамият надорад — охир Худо аз ӯҳдаи дилхоҳ мушкилот баромада метавонад. Муҳим нест, ки ту чандсола ҳастӣ ва дар назари худ то чӣ андоза хурд метобӣ. Худо чунон бузург аст, ки барои Ӯ мушкилоти ҳалнашаванда вуҷуд надоранд. Ӯ чунон тавоност, ки барои Ӯ ҳеҷ чизи ғайриимкон нест. Кӯдакон дар хусуси чӣ дуо мегӯянд Худованд, ба ман қувват ва далерӣ деҳ, ки худии худ бошам ва парво надошта бошам, ки дигарон дар бораи ман чӣ фикр ме­кунанд (Саванна, 11-сола). Дар ёд нигоҳ дор, ки Худо дар асл чӣ гуна аст Ҳангоме ки ту дуо мегӯӣ, ба ёд овардани он ки Худо дар асл чӣ гуна аст, фоиданок мебошад. Агарчи ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ Худоро надидааст, ту Ӯро ба худ тасаввур карда метавонӣ. Дар бораи Ӯ ҳар қадар бештар донӣ, ҳангоми дуо ҳамон қадар ба Ӯ боварӣ карданат осонтар мешавад. Масалан, агар ту Худоро дур ва хунук тасаввур намоӣ, дуо гуфтанат душвортар мешавад. Агар дар бораи Ӯ ҳамчун дар бораи дӯсти наздик ва меҳрубон фикр кунӣ, дуо гуфтанат осонтар мешавад. Агар ба ту чунин метобад, ки Худо доимо аз ту норозӣ аст, дуо гуфтанат душвортар мешавад; аммо агар дар Ӯ Худои дӯстдорро бинӣ, дуо гуфтанат осонтар мешавад. Агар Худо ба Ту суст ва барои ёрӣ додан нотавон тобад, дуо гуфтанат душвортар мешавад; аммо агар Худо барои Ту Оне бошад, ки тавоност ва ҳамеша ба ёрии ту омада метавонад, дуо гуфтанат осон мешавад. Агар ту чунин ҳисобӣ, ки Худо хеле банд аст, то ки туро шунавад, дуо гуфтанат душвортар мешавад; аммо агар ту дар Ӯ Онеро бинӣ, ки барои бо ту сӯҳбат кардан ҳамеша вақт дорад, дуо гуфтанат осонтар мешавад. Агар ту Худоро ҳамеша хашмгин ва сахтгир тасаввур кунӣ, дуо гуфтанат душвортар мешавад; аммо агар ту Худоро ҳамчун Падари бахшанда ва меҳрубон шиносӣ, дуо гуфтанат осонтар мешавад. Агар Худо ба ту суст ва нотавон тобад, дуо гуфтанат душвортар мешавад; аммо агар Ӯро тавоно ва пуриқтидор тасаввур намоӣ, дуо гуфтанат осонтар мешавад. Худоро ҳар қадар амиқтар шиносӣ, дуо гуфтанат ҳамон қадар осонтар мешавад. Дар ин хусус шубҳа накун ва Китоби Муқаддасро хон, то ки боз ҳам бештар донӣ. Ҳангоме ки дуо гуфтанат душвор аст, дар ин бора ба Худо гӯй, ба Ӯ дар бораи душвориҳои худ нақл кун. Ӯ ҳиссиёти туро мефаҳмад, ва Рӯҳулқудси Ӯ ба ту дар дуо гуфтан ёрӣ мерасонад. Кӯдакон одатан ҳангоми дуо дар бораи Худо чӣ фикр мекунанд • «Чун дар бораи дӯст». • «Чун дар бораи Падари Осмонии ман». • «Чун дар бораи Оне ки ҳамеша ба ман ёрӣ дода метавонад». • «Чун дар бораи Худованд ва Наҷотдиҳандаи ман». • «Чун дар бораи Худо, ки ба дуоҳои ман ҷавоб мегӯяд». • «Чун дар бораи подшоҳи подшоҳон». • «Чун дар бораи Офаридгори тамоми мавҷудот». Дуои ман ба Худо Худованди азиз, аз Ту хоҳиш мекунам, дуо гуфтанро ба ман ёд деҳ. Бигузор сӯҳбат бо Ту барои ман монанди гуфтугӯ бо дӯсти наздикам бошад. Ба ман ёрӣ деҳ, ки Туро беҳтар шиносам, то фаҳмида тавонам, ки Ту дар асл чӣ гуна ҳастӣ. Ба ман ёрӣ деҳ дар ёд нигоҳ дорам, ки барои Ту ҳеҷ чизи ғайриимкон нест. Ба ман имони мустаҳкамро деҳ, ки Ту ҳамеша дуоҳои маро мешунавӣ ва ба онҳо чунон ки хости Туст, ва дар вақти муқарраркардаи Худ ҷавоб медиҳӣ. Ба номи Исо дуо мегӯям. Худованди азиз, боз чизе ҳаст, ки ман имрӯз дар бораи он дуо гуфтан мехоҳам… Суханони Худо, ки ба ман нигаронида шудаанд Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд… Мат. 7:7 БОБИ 5 МАН ДАР ҲАҚҚИ ДӮСТОНАМ, НАЗДИКОНАМ ВА ДИГАР ШАХСОН БА ХУДО ДУО МЕГӮЯМ Дӯстон дар ҳаёти инсон нақши муҳим мебозанд. Шояд ҳатто яке аз муҳимтарин нақшҳоро. Дӯстон ба тарзи фикрронӣ ва қарорҳои ту таъсир мерасонанд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Росткор дар интихоби дӯстон эҳтиёткор аст, зеро роҳи бадкирдорон ӯро ба бероҳа равона мекунад» [2] (Мас. 12:26). Охир, ту намехоҳӣ, ки туро аз роҳи дуруст ба бероҳа равона кунанд? Ту дӯстонро чӣ гуна интихоб мекунӣ? Охир, ту наметавонӣ назди ягон кас рафта, гӯӣ, ки ӯ бояд дӯсти ту шавад. Он шахс худаш ба қароре меояд, ки бо ту дӯст шавад ё не. Ту низ ҳақ дорӣ ба қароре оӣ, ки бо ин шахс дӯст шавӣ ё не. Ту ҳамчунин метавонӣ аз дӯсти касе будан даст кашӣ. Агар ягон кас аз Худо дур шавад ва бо роҳҳои Ӯ равона шудан нахоҳад, ту метавонӣ қарор диҳӣ, ки дӯсти ӯ набошӣ. Бинобар ин барои дӯстон дуо гуфтан ин қадар муҳим аст. Пеш аз ҳама дар хусуси он дуо гӯй, ки дӯстонат хуб, худотарс бошанд. Чунин касон Худовандро дӯст медоранд ва қонунҳои Ӯро эҳтиром менамоянд, аммо касоне ки аз Худо дур ҳастанд, на Ӯро эҳтиром мекунанд, на фармудаҳои Ӯро. Аз Худо хоҳиш кун, ки муносибатҳои туро бо дӯстон баракат диҳад. Аз Ӯ хоҳиш кун ба ту нишон диҳад, ки кадоме аз дӯстонат ба ту таъсири бад мерасонад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Оё ду кас якҷоя роҳ мераванд, бе он ки маслиҳатро ба як ҷо монда бошанд?» (Ом. 3:3). Ин маънои онро дорад, ки ту ва дӯстат бояд дар бораи он ки чӣ чиз хуб ва чӣ чиз бад аст, фикри якхела дошта бошед. Агар ту фақат аз он сабаб ягон кори бад кунӣ, ки дӯстат чунин мекунад, ё агар боварӣ надошта бошӣ, ки кори мекардаат бад аст, аммо ба ту чунин тобад, пас байни ту ва дӯстат ҳамфикрӣ нест. Аммо агар бо ин дӯст муошират намуданро давом диҳӣ ва аз пайи ӯ кардани корҳои бадро давом диҳӣ, дар натиҷа ту ба нохушӣ дучор шуда метавонӣ. Дар бораи чунин дӯст ба Худо нақл кун. Ҳамчунин бо падару модарат дар ин бора гап зан. Онҳо ба ту ёрӣ медиҳанд. Ғайр аз ин, ту ва дӯстат бояд дар масъалаи он ки Худо кист, ҳамфикр бошед. Дӯстони беҳтарини ту фақат касоне буда метавонанд, ки ба Исо боварӣ доранд. Аз ин барнамеояд, ки ту бо ғайримасеҳиён дӯстӣ карда наметавонӣ, — фақат беҳтар он аст, ки дӯстони наздики ту имондорон бошанд. Чизи асосӣ ин аст: агар ту бо касе ки Худоро дӯст намедорад ва бо роҳҳои Ӯ намеравад, дӯстиро давом диҳӣ, дигаргун шудани яке аз шумо ба ҳар ҳол лозим меояд. Аммо ин шахс на ту бояд бошӣ. Агар ту дар маҳалли нав, дар байни одамони ношинос бошӣ, аз Худо хоҳиш кун, ки ба ҳаёти ту одамони имондорро оварад. Худо инро на камтар аз ту мехоҳад. Гоҳо аз шарикии шахсони номарғуб дур шудан душвор мешавад. Агар чунин шахс дар ҳаёти ту бошад, аз Худо хоҳиш намо, ки ин шахсро дигаргун намояд, ё ӯро аз ту дур кунад. Агар ту маҳз ҳамин тавр дуо гӯӣ, ба зудӣ дигаргуниҳо рӯй медиҳанд: ё муносибатҳои шумо худ аз худ канда мешаванд, ё рафиқат ба ҷои дигар мекӯчад, ё ту ба ҷои дигар мекӯчӣ, ё ин шахс барои худ дигар дӯстонро меёбад. Ё шояд ту бо ин шахс ошкоро дар бораи дӯстиятон ва дар бораи ҳамаи он чи туро ба ташвиш меоварад, гап зада метавонӣ. Ба ҳар ҳол, дуои ту дар хусуси дӯстон бароят аҳамияти калон дорад. Ҳангоме ки дар муносибатҳои ту бо дӯстон мушкилот пайдо мешаванд Агар дӯстони хуб дошта бошӣ, барои онҳо Худоро шукр гӯй. Фаромӯш накун, ки онҳо барои ту то чӣ андоза муҳим ҳастанд. Барои ҳар яке аз дӯстони худ дуо гӯй. Аз Худо хоҳиш намо, ки дӯстии туро бо шахси муайян ҳифз намояд, то ки ҳеҷ гуна бадӣ муносибатҳои шумоёнро вайрон накунад. Ҳама гуна муносибатҳои дӯстона ба озмоишҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Гоҳо дӯстон аз якдигар хашмгин мешаванд ё ҳатто якдигарро меранҷонанд. Аммо дӯстони ҳақиқӣ кӯшиш мекунанд, ки мушкилоти пайдошударо ҳал намоянд ва бахшидани якдигарро меомӯзанд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Дӯст ҳар вақт дӯст медорад…» (Мас. 17:17). Ин, албатта, маънои онро надорад, ки ту наметавонӣ бо дӯстат баҳс кунӣ. Ҳатто агар ақидаҳои ту ва дӯстат аз ҳам фарқ дошта бошанд ҳам, ту дӯст доштани ӯро давом дода метавонӣ. Гоҳо чунин мешавад, ки дӯсти бад инсони бад нест. Ин фақат маънои онро дорад, ки ту ва ӯ ба ҳам мувофиқат надоред. Дугонаи ман Аманда дугонае дошт, ки доимо ӯро танқид мекард, ва дар натиҷа Аманда аз худ ва аз ҳаёти худ норозӣ буд. Пас аз муошират бо ин дугонааш ҳамеша табъи Аманда хира мешуд. Дугонааш духтараки хеле хуб буд ва шояд гумон мекард, ки танқид ба Аманда ёрӣ медиҳад, агарчи дар асл баръакс буд, зеро духтари ман аз ин танқидҳо зиқ ва рӯҳафтода мешуд. Ман ва Аманда дар хусуси он дуо мегуфтем, ки агар ин дӯстӣ ба ҳар ду духтар фоида намеоварда бошад, Худованд ба ҳар яки онҳо барои ёфтани дугонаи нав ёрӣ расонад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди чанде духтарам дар ҷамъияти дугонаи нав худро хеле хушбахттар ҳис кард. Агар муошират бо дӯстат ба худбаҳодии ту таъсири манфӣ расонда, туро дар назари худат паст мезада бошад, аз Худо хоҳиш кун, ки ба ҳаёти ту шахси навро биёрад, ки дӯсти ту мешавад. Дӯстон бояд якдигарро дастгирӣ намоянд ва ҳеҷ гоҳ таҳқир накунанд. Агар падару модар дар хусуси дӯстии ту бо ягон писарак ё духтарак дар ташвиш бошанд, ба нуқтаи назари онҳо гӯш деҳ. Худо ба падару модар атои махсусе медиҳад, ки моҳияти воқеаҳоро дида тавонанд, то ки туро аз натиҷаҳои манфӣ ҳимоя кунанд. Бинобар ин ба суханони падару модар бо диққат гӯш деҳ. Агар нуқтаи назари ту аз нуқтаи назари онҳо дар хусуси дӯстат фарқ дошта бошад, дар бораи он дуо гӯй, ки ту ва падару модарат манзараи ҳақиқии воқеаҳоро бинед ва оид ба ин масъала ба ҳамфикрӣ оед. Худо ба ту нишон медиҳад, ки ҳақ ба ҷониби кӣ буд, ва кӣ хато мекард. Эҳтиром намудани дурустии фикри падару модарро омӯз. Шояд, ту ҳанӯз то охир намефаҳмӣ, ки дӯстони бад ба ту чӣ гуна зарар расонда метавонанд. Барои наздикони худ дуо гӯй Яке аз фармудаҳои Худо амр мекунад, ки падар ва модарро иззату ҳурмат намоем (ниг. Хур. 20:12). Ин фармудаи аввалин буда, пас аз он чунин ваъда дода шудааст: агар ту падару модари худро эҳтиром намоӣ, ҳама корҳои ту хуб мешаванд ва ту умри дароз мебинӣ. Ту метавонӣ ба суханони падару модар гӯш дода, онҳоро эҳтиром намоӣ. Ту чунин гуфта наметавонӣ: «Ман парво надорам, ки падару модарам чӣ мехоҳанд. Ман мувофиқи хости худ амал кардан мехоҳам». Агар чунин рафтор намоӣ, муваффақият аз ту дур мешавад. Аммо, эҳтимол ту аллакай дар ин масъала дарси ибрат омӯхтаӣ. Агар ба гуфтаҳои падару модар гӯш диҳӣ, ҳама чиз хеле беҳтар мешавад. Воситаи дигари ба падару модар эҳтиром зоҳир намудан — дар ҳаққи онҳо дуо гуфтан аст. Аз Худо хоҳиш намо, ки онҳоро баракат диҳад ва ҳимоя кунад. Аз Ӯ хоҳиш намо, ки саломатии онҳоро нигоҳ дорад ва дар корҳояшон ёрӣ расонад. Дар хусуси он дуо гӯй, ки муносибатҳои ту бо падару модар ҳамеша хуб бошанд, ва аз Худо хоҳиш намо ба оилаи ту ёрӣ диҳад, ки оилаи дуогӯй бошад. Дар хусуси он дуо гӯй, ки падару модари ту ҳамроҳи ту ва барои ту дуо гӯянд. Дар ҳаққи дигар аъзоёни оила низ дуо гуфтанро фаромӯш накун, ҳатто агар ҳозир на он қадар фаҳмӣ, ки ҳар кадоми онҳо то чӣ андоза муҳим аст. Хусусан бародарон ва хоҳарон дар ҳаёти ту нақши муҳим мебозанд. Аз бародар ва хоҳар наздиктар касе нест, ва бо мурури замон мо онҳоро бештар қадр мекунем. Аз ҳамин сабаб имрӯз барои онҳо дуо гӯй. Аз Худо хоҳиш намо, ки онҳоро ҳимоя кунад, то ки ҳар гуна бало аз онҳо дур шавад. Дар хусуси он дуо гӯй, ки байни шумоён муносибатҳои хуб бошанд. Аз Худо хоҳиш намо ба ҳар яки шумо ёрӣ диҳад, ки фурӯтанӣ ва аз манфиатҳои худ афзал донистани манфиатҳои шахси дигарро омӯзед. Худо мегӯяд, ки ҳамаи онҳое ки ба дигарон сулҳу осоиш меоваранд, баракат меёбанд (ниг. Мат. 5:9). Оё медонӣ, ки дар оилаат оварандаи сулҳу осоиш шуда метавонӣ? Аз дуо дар ҳаққи ҳар як узви оила сар карда, аз Худо хоҳиш намудан даркор аст, ки дили ҳар яки онҳоро бо сулҳу осоиш пур кунад. Дар бораи он дуо гӯй, ки байни шумоён муносибатҳои нек бошанд, то ки ҳама байни якдигар сулҳу осоиш дошта бошанд. Аз Худо хоҳиш намо ба ҳар яки шумоён ёд диҳад, ки ба дигарон фақат суханони нек гӯед, ва ба ҷои танқид намудан якдигарро дастгирӣ намоед. Агар падарандар ё модарандар, бародар ё хоҳари ӯгай дошта бошӣ, дар ҳаққи онҳо дуо гуфтанро фаромӯш накун. Ба шарофати дуоҳои худ барои ҳамаи хешовандон ту метавонӣ дар оилаатон осоишгари олиҷаноб шавӣ. Худо ба дуои ман ҷавоб дод Дар ҳаёти ман даврае буд, ки ман дар танҳоӣ будам, чунки дар синф талабаи нав будам. Дар арафаи рӯзи Валентини муқаддас ман дуо гуфтам: «Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ, то дӯстони ҳақиқӣ пайдо намоям». Рӯзи дигар ман дӯстони ҳақиқӣ ба даст овардам. Ин ҷавоби мӯъҷизаосо ба дуои ман буд (Кортни, 11-сола). Ҳангоме ки ман дар синфи панҷум таҳсил мекардам, бо ду нафар аз ҳамсинфонам муносибатҳои бад доштам. Ин барои ман соли душвори хониш буд. Бо фаро расидани тобистон ман шод шудам, ки дарсҳо ниҳоят ба охир расиданд. Пеш аз саршавии соли нави хониш ман бисёр дуо мегуфтам ва аз Худованд хоҳиш мекардам, ки дилҳои он ду духтаракро дигаргун намояд. Ҳозир онҳо беҳтарин дугонаҳои ман мебошанд (Никол, 12-сола). Ҳангоме ки қабурғаи падарам шикаст, ман ба Худо дуо гуфтам. Ман дар давоми як сол барои ӯ дуо гуфтам, ва ҳозир қабурғаи падарам қариб дард намекунад (Остин, 10-сола). Боре ман дар хусуси муносибатҳо бо хоҳарам дуо гуфтам, ва рӯзи дигар мо бо ҳам ҷанҷол накарда, муносибати хуб намудем, Одатан мо чунин намекардем. Ва боз ман дар хусуси он дуо гуфтам, ки Стормӣ дар бораи тарзи дуогӯии кӯдакон китобча нависад, ва ӯ онро навишт (Кайла, 10-сола). Боре модарандарам ва ман барои модарам, ки маро таваллуд кардааст, дуо гуфтем. Мо дар хусуси он дуо гуфтем, ки ӯ ба мо нома нависад. Рӯзи дигар мо аз ӯ нома гирифтем (Ҳелен, 9-сола). Ҳангоме ки мураббияи ман ба бемории саратон гирифтор шуд, ман дар хусуси он дуо мегуфтам, ки ӯ бе азоб вафот кунад. Мо ҳама дар атрофи бистари хоби ӯ будем, ҳангоме ки Худо ором ва осуда Ӯро назди Худ гирифт (София, 8-сола). Дар ҳаққи касоне ки ба мадад эҳтиёҷ доранд, дуо гӯй Оё ту ягон вақт касонеро вохӯрдаӣ, ки аҳволашон бад аст, ба фалокат дучор шудаанд, ё худро танҳо ва гумроҳшуда ҳис мекунанд, ё бемор ҳастанд? Шояд ту чунин одамонро мешиносӣ, ки ягон кори бад карда метавонанд, ки аз он худашон зарар мебинанд ва ба дигарон сахт зарар расонда метавонанд? Оё чунин мешавад, ки ба касе ёрӣ додан мехоҳӣ, аммо намедонӣ чӣ тавр? Як воситаи ёрӣ додан ба атрофиён ҳаст, ки ҳамеша самарабахш аст ва ҳамеша ба одамон баракат меоварад. Ман дар бораи дуо мегӯям. Дуо дар ҳаққи наздикон — беҳтарин корест, ки дар ҳаққи онҳо карда метавонӣ. Ва агар ҷуръат намоӣ, аз шахси ба ёрӣ эҳтиёҷманд пурсида метавонӣ, ки оё мехоҳад, ки ту барои ӯ дуо гӯӣ. Ту ба ӯ ёрӣ медиҳӣ, ки худро дӯстдошта ҳис кунад, зеро ба шарофати дуои ту ӯ муҳаббати Худоро ҳис мекунад. Барои муаллимони худ дуо гӯй Муаллимонат дар ҳаёти ту нақши муҳим мебозанд, ва аз ҳамин сабаб барои онҳо дуо гуфтан зарур аст. Бисёр чизҳо дар ҳаёти ту ба он чи онҳо ба ту таълим медиҳанд, вобаста хоҳад буд. Аз Худо хоҳиш кун, ки ба ту муаллимони хубро диҳад, ва ба онҳо ёрӣ диҳад, ки чизҳои бароят даркориро таълим диҳанд. Дар хусуси он дуо гӯй, то Худо ба ту ёрӣ диҳад, ки бо ҳар яки муаллимонат муносибатҳои хуб бунёд намоӣ. Ин маънои онро надорад, ки ту бояд барои ягон нафари онҳо шогирди «дӯстдошта» шавӣ, — ин маънои онро дорад, ки ту аз Худо хоҳиш менамоӣ чунин кунад, ки ту барои муаллимонат баракат шавӣ. Барои дигарон дуои шафоаткунанда гӯй Оё медонӣ, ки дуои ту ба ҳаёти шахсе таъсир расонда метавонад, ки аз ту хеле дур аст, масалан, дар дигар гӯшаи олам зиндагӣ мекунад? Ва барои ин ба ту ҳатто лозим намеояд, ки аз ҳуҷраат берун бароӣ. Дуоҳоят на танҳо ба ҳаёти ту таъсир мерасонанд — онҳо ба ҳаёти касоне ки ту дар ҳаққи онҳо дуо мегӯӣ, таъсир мерасонанд. Ҳатто ба ҳаёти касоне ки ту бо онҳо ҳеҷ гоҳ вонахӯрдаӣ. Ҳангоме ки ту дар ҳаққи дигарон дуо мегӯӣ, ту аз Худо хоҳиш мекунӣ, ки ба онҳо аҳамият диҳад ва ба вазъиятҳои ҳаётии онҳо фаъолона таъсир расонад. Ту метавонӣ дар ҳаққи одамони кишвари дигар, шаҳри дигар ё дар ҳаққи касе дуо гӯӣ, ки дар бораи ӯ аз барномаи ахбор шунидаӣ ва касе ки (чунон ки ту фикр мекунӣ) ба дуои ту эҳтиёҷдорад, ва он гоҳ дар ҳаёти ин одамон дигаргуниҳо рӯй додан мегиранд. Худо мехоҳад, ки мо барои дигарон дуо гӯем. Чунин дуо дуои шафоаткунанда ном дорад. Касеро шафоаткунанда меноманд, ки дар ҳаққи дигарон ғамхорӣ мекунад ва барои онҳо дуо мегӯяд. Худо шафоаткунадагонро подоши нек медиҳад. Ба шарофати дуоҳои мо дигарон баракатҳои Илоҳӣ ба даст меоваранд, ва на танҳо онҳо — Худо моро низ, ки барои онҳо дуо мегӯем, баракат медиҳад. Кӯдакон кай дар ҳаққи дигарон дуо мегӯянд • «Ҳангоме ки ба онҳо мадад лозим аст». • «Ҳангоме ки онҳо маро меранҷонанд». • «Ҳангоме ки онҳо душворӣ доранд». • «Ҳангоме ки онҳо ба ягон чиз эҳтиёҷ доранд». • «Ҳангоме касе хоҳиш мекунад, ки дар ҳаққи ӯ дуо гӯям». • «Ҳангоме ки касе рӯзи нобарор дорад». • «Ҳангоме ки онҳо ба Худо бовар намекунанд». • «Ҳангоме ба ман чунин метобад, ки касе ба дуои ман эҳтиёҷ дорад». • «Ҳангоме ки аҳволи касе бад аст ё ӯ бемор аст». • «Ҳангоме ки касе ғамгин аст ё ӯ аз чизе метарсад». • «Ҳангоме ки Рӯҳулқудс ба ман дар бораи ягон кас ёдрас мекунад». Бо дуои худ тухмиҳои нек кишт кун Оё ягон бор сабзидани тухмии ба замин кошташударо дидаӣ? Аз он растании калон ва боқувват, ё баръакс, хурд ва беқувват сабзида метавонад. Тухмӣ ба меваи хӯрданӣ, ё ба гули зебо табдил ёфта метавонад, ё ба дарахти азиме ки дар рӯзи гарми тобистон соя медиҳад ё дар зимистон гарм мекунад. Дуо монанди тухмӣ аст, ки мо ба дили Худо мекорем. Худованд дар ҳаққи он ғамхорӣ мекунад, ва аз он растание месабзад, ки самар меоварад — хурд ё калон, зебо ё назарногир. Он чиз пайдо мешавад, ки ҳам моро баракат медиҳад, ҳам дигаронро. Ин то чӣ андозa хуб аст — ҳангоми дуо тухмӣ коштан ва мушоҳида намудани он ки Худо чиро аз он месабзонад. Ман ду духтаракро мешинохтам, ду хоҳаре ки бо ҳам на он қадар муносибатҳои хуб доштанд. Онҳо бисёр вақт ҷанҷол мекарданд ва боре умуман бо ҳам ногап шуданд. Ман дар хусуси он дуо кардан гирифтам, ки душмании байни онҳо ба охир расад ва онҳо боз бо ҳам муносибатҳои хуб дошта бошанд. Ҳар рӯз ман бо дуои худ аз ҷониби Худо тухмӣ мекоштам. Ман мегуфтам: «Худовандо, илтимос, бигузор ин ду хоҳар сулҳу осоиш дошта бошанд, ва фикрҳо ва ҳиссиёте ки ба якдигар доранд, рӯ ба беҳбудӣ оварад». Ва инак хоҳарон аз душманӣ чунон хаста шуданд, ки қарор доданд аз ҳамдигар бахшиш пурсанд, ба баъд аз ин бо ҳам муносибати дӯстона барпо намуданд. Ҳамин тавр дуоҳои ман тухмиҳое шуданд, ки Худо аз онҳо як чизи хеле муҳимро сабзонид. Дуои кӯдакон ба саршавии дигаргуниҳои калон таконе дода метавонанд, хусусан ҳангоме ки кӯдакон барои дӯстони худ, наздикон ва ҳамаи атрофиён дуо мегӯянд. Аз Худо хоҳиш кун, ки муносибатҳои туро бо дигарон инкишоф диҳад ва барои дар дилҳои онҳо коштани тухмиҳои осоиш ва муҳаббат ба ту ёрӣ расонад. Дуои ман ба Худо Худованди азиз, ман хоҳиш мекунам, ба ман ёрӣ деҳ, ки ҳамеша дӯстони хуб, имондор дошта бошам. Ба ман нишон деҳ, ки оё дар байни дӯстонам касе ҳаст, ки бо ҳаёти худ Туро ҷалол намедиҳад. Агар ман рафиқе дошта бошам, ки муошират бо ӯ ба ман зарар мерасонад, ӯро аз ман дур кун ва ба ман дӯсти ҳақиқиро бифирист. Ман имрӯз дар ҳаққи дӯстонам дуо мегӯям, хусусан дар ҳаққи ......................, ......................, ...................... ва ....................... Ба ман ёрӣ деҳ, ки барои онҳо дӯсти хуб бошам. Ман ҳамчунин дар ҳаққи ҳамаи аъзоёни оилаам дуо мегӯям, хусусан дар ҳаққи ......................, ...................... ва ....................... Муаллимони маро, шубонро ва одамонеро, ки дур аз ман зиндагӣ мекунанд ва ба мадади Ту эҳтиёҷ доранд, баракат деҳ. Имрӯз ман хеле мехоҳам барои ...................... дуо гӯям. Ҳамаро баракат деҳ, Худованд. Ба номи Исо дуо мегӯям. Худованди азиз, боз як чиз ҳаст, ки ман имрӯз дар хусуси он дуо гуфтан мехоҳам… Суханони Худо, ки ба ман нигаронида шудаанд Борҳои якдигарро бардоред, ва ба ҳамин тариқ шариати Масеҳро ба ҷо меоваред. Ғал. 6:2 БОБИ 6 МАН АЗ ХУДО ХОҲИШ МЕКУНАМ БА МАН ЁРӢ ДИҲАД, КИ ДУРУСТ РАФТОР НАМОЯМ Оё гоҳо ба ту чунин наметобад, ки ҳамеша дуруст рафтор намудан ғайриимкон аст. Ба ман гоҳо чунин метобад. Дар асл танҳо ба як шарт ҳамеша дуруст рафтор намудан мумкин аст — агар ба ту Худо мадад расонад. Ва ту бояд дар дуо аз Ӯ дар ин бора хоҳиш кунӣ. Агарчи ман кайҳо ба воя расидаам, ба ҳар ҳол дар ин бора дуо гуфтанро давом медиҳам. Ба рӯйхате ки дар саҳифаи дигар ҷойгир шудааст, аҳамият деҳ. Дар он рафторҳои баде ки кӯдакон беш аз ҳама мекунанд, номбар шудаанд. Оё ту низ ҳамин гуна мушкилот дорӣ? Агар ба ин рӯйхат боз якчанд пункт илова карда тавонӣ, дар ду сатри охир сабт намо. Ва дар айни ҳол хиҷолат накаш. Ҳамеша дуруст рафтор намудан барои бисёр касон душвор аст. Бисёрии кӯдакон медонанд, ки чӣ гуна бояд рафтор намоянд, аммо на ҳамеша қоидаҳоро риоя карда метавонанд. Аммо он чиз касро рӯҳбаланд менамояд, ки Худо ба ёрӣ меояд. Масалан, ту аз Худо хоҳиш карда метавонӣ, ки ба падару модар итоаткор буданро ба ту ёд диҳад. Аз ӯ хоҳиш намо, ки ба ту ӯҳдадориҳоятро ёдрас кунад: ба тартиб овардани ҷойи хоб, бурда партофтани ифлосиҳо, шустани зарфҳо, дар вақташ хомӯш кардани телевизор, ба охир расондани иҷрои вазифаи хонагӣ ва ғайра. Аз Худо хоҳиш намо, ки ба муаллимон итоаткор будан, қоидаҳо ва қонунҳоро риоя намудан ва ба Ӯ фармонбардор буданро ёд диҳад. Агар танҳо ба қувваи худ умед бандем ва аз Худо мадад хостанро бас карда, гумон кунем, ки чӣ кор карданро худамон медонем, мо ба нохушиҳои зиёд рӯ ба рӯ шуда метавонем. Aз ҳама муҳим он аст, ки қоидаҳои муқарракардаи Худо ба фоидаи ту амал мекунанд. Мақсади онҳо таҳқир кардан ё ҳалок намудани ту нест. Онҳо барои он муқаррар шудаанд, ки ба ту ёрӣ расонанд. Агар ту мувофиқи шариати Худо зиндагӣ кунӣ, ҳаётат бо муваффақиятҳо пеш меравад. Аммо агар ба қоидаҳои он итоат накунӣ, он чи дар зиндагӣ интизор ҳастӣ, амалӣ намегардад. Ҳатто бо вуҷуди он ки Худо моро дӯст медорад, агар ба Ӯ итоат накунем, мо ҳузури Ӯ ва тамоми умқи муҳаббати Ӯро ҳис карда наметавонем. Оё медонӣ, ки Худо барои фарзандони итоаткори Худ баракатҳоро тайёр кардааст? Ин дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Аммо касе ки хости Ӯро ба ҷо намеоварад, аз ин мукофот маҳрум мешавад. Дар саҳифаҳои минбаъда ту дар хусуси он мукофотҳое хонда метавонӣ, ки Худо барои фарзандони итоаткори Худ тайёр кардааст. Кадоме аз баракатҳои Худо ба ту муҳимтар метобанд? Корҳои баде ки кӯдакон беш аз ҳама мекунанд • «Дурӯғ мегӯям». • «Ба падару модар итоат намекунам». • «Ғайбат мекунам». • «Хасисӣ мекунам». • «Нисбати бародарам рафтори нохуб мекунам». • «Бо дучарха ба масофаи бештар аз он чи иҷозат дода шудааст, меравам». • «Бе калонсолон ба оббозӣ меравам». • «Хоҳарчаамро масхара мекунам». • «Витаминҳои муқарраршударо истеъмол намекунам». • «Аз телевизор барномаҳоеро тамошо мекунам, ки тамошои онҳо бароям мумкин нест». • «Бо бозиҳои компютерӣ беҳад зиёд машғул мешавам». • «Аз вақти муқарраршуда дертар ба хоб меравам». • «Ҳангоми дарс гап мезанам ва сураткашӣ мекунам». • «Вазифаи хонагиро иҷро намекунам». • «Пинҳонӣ ба хона ҳайвонҳоро меоварам». • «Бе пурсиш чизҳои бародарамро мегирам». • «Ороишоти модарамро дар бар мекунам». • «Он чиро, ки бароям зарар дорад, мехӯрам». •  •  Ҳафт сабаби асосноки итоат ба Худо 1. Агар ту ба Худо итоаткор бошӣ, Ӯ дуоҳои туро мешунавад ва ба онҳо ҷавоб медиҳад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Агар дар дили худ талбисро [3] медидам, Худованд маро намешунид» (Заб. 65:18). Агар мо ягон нақшаи бадро дар фикр дошта бошем, ё рафтори бад кунем, Худо моро намешунавад. Ҳар як рафтори бад аз фикр дар бораи он сар мешавад. Агар худи фикр дар бораи рафтори бад ба ту нохушӣ оварда метавониста бошад, дарҳол, ҳамин ки онро дарк намудӣ, дар ин бора ба Худо иқрор шав. Масалан, ту чунин гуфта метавонӣ: «Худованд, ман дар бораи он фикр мекунам, ки барномаи бароям манъшударо тамошо кунам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки дар бораи ин барнома фикр накунам ва барои ин ба ман қувват деҳ». Шунидани дуоҳое ки дар онҳо ту ба Худо вобаста буданатро эътироф менамоӣ ва аз Ӯ ёрӣ металабӣ, ба Ӯ маъқул аст. Чунин дуо гӯй: «Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ чунон дуо гӯям, ки ҳамеша ба дуоҳоям ҷавобҳо ба даст оварам». 2. Агар ту ба Худо итоаткор бошӣ, ба Ӯ дӯст мешавӣ. Исо гуфтааст: «Шумо дўстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред» (Юҳ. 15:14). Агар ба Худо итоат намоӣ ва фармудаҳои Ӯро ба ҷо оварӣ, Ӯ Худро дӯсти ту меҳисобад. Ба падару модар гӯш додан — бо итоат ба Худо баробар аст, зеро дар яке аз фармудаҳои Ӯ гуфта шудааст, ки ту бояд ба падару модар итоат намоӣ. Чунин дуо кун: «Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ, ки фармудаҳои Туро ба ҷо оварам, то ки ҳамеша дӯсти наздики Ту бошам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки ҳамчунин ба хости падару модарам итоаткор бошам». 3. Агар ту ба Худо итоаткор бошӣ, дар бехатарӣ ва зери ҳимояи Худо ҳастӣ. Худо мегӯяд: «Пас, фароизи Маро ба ҷо оваред, ва аҳкоми Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал оваред, ва бар замин ба амният сокин хоҳед буд» (Иб. 25:18). «Фароиз» ва «аҳком»-и Худо — қонунҳо ва фармудаҳои Ӯ мебошанд. Ӯ ба ту ваъда медиҳад: агар ту қонунҳои Ӯро риоя намоӣ, Ӯ туро дар зери пӯшиши ҳимоявии Худ, ки ба соябон монанд аст, пинҳон мекунад. Ин пӯшиши илоҳӣ туро аз балоҳое ки бар ҳаётат фурӯ рехтанӣ ҳастанд, ҳимоя мекунад. Чунин дуо гӯй: «Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ, ки ба Ту итоаткор бошам, то ки ҳамеша зери пӯшиши ҳимоявии Ту бошам». 4. Агар ту ба Худо итоаткор бошӣ, хушбахт ҳастӣ. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Хушо касе ки шариатро риоя мекунад» (Мас. 29:18). Ҳангоме ки ту дуруст рафтор мекунӣ, дар ту ҳисси аз ҳаёт ва аз худ қаноатманд будан пайдо мешавад. Рафтори бад, баръакс, дар ту ҳисси айбдорӣ ва аз ҳаёти худ норозӣ буданро пайдо менамояд. Ҳисси аз худ қаноатманд будан ба ту хурсандии махсус медиҳад. Чунин дуо гӯй: «Худованд, ба ман ёрӣ деҳ, ки ба Ту итоаткор бошам, то ки худро хушбахт ва аз ҳаёт қаноатманд ҳис кунам». 5. Агар ту ба Худо итоаткор бошӣ, Ӯ туро баракат медиҳад. Исо гуфтааст: «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд» (Луқ. 11:28). Худованд одамонро ба таври гуногун баракат медиҳад: Ӯ метавонад туро бо саломатии хуб, дӯстони хуб, муносибати хайрхоҳонаи атрофиён, ҳисси хушбахтӣ ё муваффақият дар корҳо баракат диҳад. Ҳама баракатҳои Худоро ба даст овардан мехоҳанд, чунки онҳо хурсандӣ меоваранд. Худо моро ҳар рӯз баракат медиҳад, аммо агар мо ба Ӯ итоаткор бошем, Ӯ моро ба таври махсус баракат медиҳад. Чунин дуо гӯй: «Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ хости Туро ба ҷо оварам, то ҳамаи баракатҳоеро, ки Ту барои ман тайёр кардаӣ, ба даст оварда тавонам». 6. Агар ту ба Худо итоаткор бошӣ, Ӯ бар ту муҳаббати Худро ба таври фаровон фурӯ мерезад. Исо гуфтааст: «Ҳар кӣ аҳкоми Маро дорад ва риоят кунад, вай касест, ки Маро дўст медорад; ва ҳар кӣ Маро дўст дорад, Падари Ман вайро дўст хоҳад дошт, ва Ман вайро дўст хоҳам дошт ва Худро ба вай зоҳир хоҳам сохт» (Юҳ. 14:21). Худо туро ҳамеша, новобаста ба рафторат дӯст медорад, ва ҳеҷ чиз халал расонда наметавонад, ки Ӯ туро дӯст дорад. Агар ту ба Ӯ итоаткор бошӣ, Ӯ ба ту муҳаббаташро ба таври махсус, ғайримуқаррарӣ зоҳир мекунад. Чунин дуо гӯй: «Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ, ки ба Ту итоаткор бошам, то ки муҳаббати Туро беҳтар ҳис карда тавонам». 7. Агар ту ба Худо итоаткор бошӣ, умрат дароз мешавад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Эй писарам! Таълими маро фаромӯш накун, ва бигзор дили ту аҳкоми маро маҳфуз дорад, зеро ки дарозии айём ва солҳои ҳаёт ва осоиштагиро барои ту афзун хоҳанд кард» (Мас. 3:1–2). Ҳаёти бисёр касон танҳо аз он сабаб пеш аз мӯҳлат ба охир расидааст, ки онҳо ба Худо ва ба падару модар итоат намекарданд. Онҳо дар роҳи ҳаёт қадамгузор буда, корҳоеро мекарданд, ки набояд мекарданд (ва онҳо инро медонистанд), ва барои беитоатии худ нархи гароне пардохтанд. Ту худро аз ин чиз эҳтиёт карда метавонӣ, агар аз Худо хоҳиш кунӣ, ки ба Ӯ итоаткор буданро ёд диҳад. Чунин дуо гӯй: «Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ, ки ҳамеша ба Ту итоаткор бошам, то ки умрам дар рӯи замин дароз бошад». Худо Падари Осмонии туст Худо ба модар ва падари Ту монанд аст, зеро Ӯ Падари Осмонии Туст. Ӯ дар ҳаққи Ту на камтар аз падару модари дӯстдорат, балки ҳатто бештар аз онҳо ғамхорӣ мекунад. Зеро падару модарат ҳамеша, новобаста ба рафтори хуб ё бади ту, падару модарат ҳастанд. Онҳо ҳамеша туро дӯст медоранд. Ҳангоме ки онҳо туро ҷазо медиҳанд ва интизомнокиро таълим медиҳанд, онҳо ин корро аз рӯи муҳаббат ба ту мекунанд. Худо низ ҳамин тавр мекунад. Новобаста ба хатоҳое ки ту содир мекунӣ, Ӯ Падари Осмонии туст, ва қувваи муҳаббати Ӯ ба ту ба рафторат вобаста нест. Ту ҳамеша метавонӣ назди Ӯ омада, хатоҳои худро дар назди Ӯ эътироф намоӣ, ва Ӯ туро мебахшад. Ҳангоме ки падару модарат дар наздат нестанд, ту ба ҳар ҳол муҳаббати онҳоро ҳис мекунӣ. Бо Худо низ ҳамин тавр аст. Агарчи Ӯро намебинӣ ва намешунавӣ, ту муҳаббати Ӯро ҳис карда метавонӣ. Аммо падару модари ту аз Худо аз он ҷиҳат фарқ доранд, ки онҳо одамон мебошанд, ва аз ҳамин сабаб онҳо нокомил буда, гоҳо хато мекунанд. Ҳама хато содир мекунанд Хатоҳо содир намуда ва амалҳои ношоиста карда, мо бояд онро дар ёд нигоҳ дорем, ки дарҳол дар ин бора ба Худо иқрор шудан то чӣ андоза муҳим аст. Ӯ сабаби ба гуноҳ афтидани туро хеле хуб медонад ва туро дарҳол мебахшад. Дар назди Худо хатои худро эътироф намуда, ту онро дар назди шахси дигар низ ба осонӣ эътироф намуда метавонӣ, агар чунин талаботро эҳсос намоӣ. Барои он ки беҳад зиёд хатоҳо содир накунӣ, дар дуо ба Худо муроҷиат намуда, аз Ӯ хоҳиш кун, то он амалҳои бадро, ки аз онҳо бехабар ҳастӣ, ба ту нишон диҳад. Ба ӯ чунин гӯй: «Худовандо, ба ман ошкор намо, ки дар кадом корҳо хато мекунам ва чӣ амалҳои бадро ба ҷо меоварам. Ба ман он чизҳои бадро, ки худам намебинам, нишон деҳ». Худо ба ту нишон медиҳад. Беҳтар он аст, ки ин корро на каси дигар, балки Ӯ кунад. Кӯдакон дар хусуси чӣ дуо мегӯянд Худованди азиз, ба ман ёрӣ деҳ ба падару модарам ва ба Ту итоаткор бошам. Ман аз боиси беитоатии худ ба ҳолатҳои нохуш афтодан намехоҳам. Аммо ман намедонам, ки чаро чунин мекунам. Илтимос, ба ман ёдрас намо, ки бояд дар бораи натиҷаҳо пеш аз фаро расидани онҳо фикр кунам ( Ҷейсон, 12-сола). Худованди азиз, Туро барои ҳамаи он чи баҳри ман ва оилаи ман кардаӣ, шукр мегӯям. Илтимос, ҳамаи гуноҳҳоеро, ки ман содир намудаам, бубахш. Ва боз, ба ман ёрӣ деҳ, ки хислатамро ислоҳ намоям ва беҳтар шавам. Омин (Лэндри, 10-сола). Худованди азиз, ба ман ёрӣ деҳ, ки диламро дар покӣ нигоҳ дорам, Туро пайравӣ намоям, ба васвасаҳо зиддият кунам ва тарси Худоро дошта бошам ( Кэтрин, 11-сола). Худованди азиз, илтимос, маро аз васвасаи дур шудан аз Ту ҳимоя намо (Крис, 12-сола). Кардани коре ки ба мо маъқул нест Ба ҳар яки мо гоҳо лозим меояд бо коре машғул шавем, ки ба мо маъқул нест. Аммо агар бо майли том ба ҷо овардани кори бароямон номаъқулро ёд нагирем, ба муваффақият ноил намешавем. Ҳатто дар кори беҳтарин мо ӯҳдадориҳоеро мебинем, ки ба ҷо овардани онҳо ба мо маъқул нест. Аммо ҳангоме ки бе суханони зиёдатӣ аз пайи иҷрои кори бароямон номаъқул мешавем (фақат аз он сабаб, ки онро ба ҷо овардан зарур аст), он гоҳ кореро, ки бо он машғул шудан ба мо маъқул аст, бештар қадр мекунем. Масалан, мувофиқи хости падару модар, пеш аз бозиҳо ё сайругашт бо дӯстон ту бояд вазифаҳои хонагиятро тайёр кунӣ, ё ягон кори хонаро ба ҷо оварӣ. Агарчи ин ӯҳдадориҳо ба ту маъқул нестанд, онҳоро бе эътироз ва шикоят ба ҷо оварда, ту аз машғулиятҳои баъдина, ки ба ту маъқуланд, ҳатман ҳаловати бештар эҳсос менамоӣ. Агар хоҳиши ба ҷо овардани корҳои бароят номаъқулро надошта бошӣ, аз Худо ёрӣ дархост намо. Ӯ ба ту ёрӣ медиҳад, ки ӯҳдадориҳоятро ба ҷо оварӣ, то ки пас аз он бо ҳаловати бештар бо кори дӯстдоштаат машғул шавӣ. Дуои ман ба Худо Худованди азиз, ба ман ёд деҳ, ки ба Ту итоаткор бошам ва мувофиқи хости Ту амал намоям, то он гуна шахс шавам, ки ту маро ҳамон гуна дидан мехоҳӣ. Ман медонам, ки барои ба даст овардани муваффақият дар зиндагӣ лозим меояд, ки ӯҳдадориҳои бароям номаъқулро ба ҷо оварам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки ба ин дуруст муносибат кунам, ба ман ёд деҳ, ки дар ҳама чиз ба Ту ва ба падару модарам итоаткор бошам. Ба ман қувват деҳ ҳар рӯз корҳоеро, ки ба ман маъқул нестанд, ба ҷо оварам. Ман мехоҳам ҳамаи баракатҳоеро, ки Ту бароям тайёр кардаӣ, ба ҷо оварам. Ба ман нишон деҳ, ки беитоатии ман ба Ту аз чӣ иборат аст ва кай ман нодуруст рафтор мекунам. Агар ба сарам фикрҳои бад оянд, маро ба тавба овар, то ки дар пеши Ту онҳоро эътироф намуда, аз корҳои бад даст кашида тавонам. Ба номи Исо дуо мегӯям. Худованди азиз, боз чизе ҳаст, ки ман имрӯз дар бораи он дуо гуфтан мехоҳам… Суханони Худо, ки ба ман нигаронида шудаанд …Ҳар чӣ талаб кунем, аз Ў меёбем, чунки аҳкоми Ўро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ў мақбул аст, ба амал меоварем. 1 Юҳ. 3:22 БОБИ 7 МАН БА ХУДО ДАР ХУСУСИ ОН ЧИ МАРО БЕЗОБИТА МЕКУНАД, ДУО МЕГӮЯМ Кӯдакон бисёр вақт хавотир мешаванд. Ба ман чунин метобад, ки кӯдакони ҳозира назар ва кӯдакони замонҳои пеш барои хавотир шудан сабабҳои бештар доранд, чунки дар замони мо онҳо дар телевизор, кино, маҷаллаҳо ва Интернет бисёр чизҳои тарсоварро мебинанд. Дар натиҷа онҳо аз он чи пештар боиси хавотиршавии калонсолон буд, ба ташвиш меафтанд. Дар поёнтар ту рӯйхати он чизҳоеро меёбӣ, ки беш аз ҳама боиси хавотиршавии кӯдакон мегарданд. Он чиро, ки беш аз ҳама туро хавотир мекунад, ишора кун ва дар ин бора дуо гӯй. Мехоҳам, ки ту осуда, бе ин хавотиршавиҳо зиндагӣ кунӣ, зеро ту ҳанӯз хурдсол ҳастӣ ва пурра ҳақ дорӣ аз зиндагӣ шод бошӣ. Аммо ту, монанди дигар кӯдакон, барои хавотир шудан сабабҳо дорӣ. Бинобар ин ман мехоҳам ба дасти Худо супурдани ҳамаи он чиро, ки туро хавотир мекунад, ёд диҳам. Ба Ӯ имкон деҳ мушкилиҳоятро ҳал кунад ва ҳамин тариқ дар ҳаққи ту ғамхорӣ намояд. Ту ин корро бо ёрии дуо карда метавонӣ. Ман медонам, ки ту ҳанӯз хурдсол ҳастӣ, ва мушкилот ба назари ту бағоят калон метобанд, аз ҳамин сабаб дуо на он қадар таъсирбахш тофта метавонад. Аммо дар ёд нигоҳ дор, ки барои Худо ҳеҷ кори ғайриимкон нест. Бинобар ин дуои худро ба пагоҳ нагузор ва худи ҳозир дар хусуси он чи туро хавотир мекунад, дуо гуфтанро сар кун. Худо аз ӯҳдаи он мебарояд. Кам хавотир шав, бештар дуо гӯй Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд: «Ҳеҷ хавотир нашавед [4], аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед» (Флп. 4:6). Ин маънои онро дорад, ки ту метавонӣ дар хусуси ҳеҷ чиз парво накунӣ ва ташвиш накашӣ. Ба ҷои ин ту бояд дар хусуси ҳама чиз дуо гӯӣ. Худо ваъда медиҳад — агар ту дар хусуси ҳамаи он чи туро хавотир мекунад, дуо гӯӣ, ва Ӯро барои ҳама чиз шукргузорӣ намоӣ, Ӯ ба ҷони ту сулҳ ва осоиш ато менамояд. Магар ба ту маъқул нест, ҳангоме ки ягон кас ваъдаеро, ки ба ту дода буд, иҷро мекунад? Ҳангоме ки шахс мегӯяд: «Ман ин корро барои ту мекунам» — ва мекунад? Ё ваъда диҳад, ки ба ту чизеро тӯҳфа мекунад, ва ба қавлаш вафо кунад? Магар ту чунин муносибатро ба худ қадр намекунӣ? Ва ҳангоме ки шахс ваъда медиҳад ва ба ваъдааш вафо намекунад, мо то чӣ андоза хафа мешавем! Аммо, охир, одамон комил нестанд. Онҳо суханони худро фаромӯш мекунанд. Гоҳо онҳо он чиро, ки ба ҷо оварда наметавонанд, ваъда медиҳанд. Худо низ ба мо ваъда медиҳад. Аммо Ӯ комил аст ва ҳамеша ба ваъдаҳояш вафо мекунад. Дар Китоби Муқаддас ҳамаи ваъдаҳои Ӯ ҷамъ карда шудаанд. Бинобар ин ҳар боре ки мо онҳоро мехонем ё ба забон меоварем, имони мо мустаҳкамтар мешавад. Худо ба мо ваъда додааст, ки агар мо, ба ҷои хавотир шудан аз боиси мушкилоти худ, дар хусуси онҳо дуо гӯем, Ӯ ба мо сулҳ ва осудагӣ медиҳад (ниг.: Флп. 4:6–7). Ту метавонӣ боварӣ дошта бошӣ, ки Ӯ ба ваъдааш вафо мекунад. Мушкилиҳоро чӣ тавр паси сар кардан лозим аст Ҳангоме ки аҳли оилаи мо ба маҳалли зисти нав ба иёлати дигар кӯчид, духтарам Аманда 12-сола буд. Дар мактаби нав ӯ бо мушкилоҳои бисёр рӯ ба рӯ шуд, чунки дар атроф ҳама чиз барои ӯ нав ва бегона буд: одамон дигар хел гап мезаданд, дигар хел либос мепӯшиданд ва тарзи рафторашон дигар ва барои ӯ ғайриодатӣ буд. Ин душвортарин сол дар зиндагии ӯ буд. Дар давоми ин сол ӯ гаштаву баргашта такрор кардани ин ояти Китоби Муқаддасро ёд гирифт: «Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад» (Флп. 4:13). Каломи Худо ба мо ваъда медиҳад, ки ҳангоме мо ҳис мекунем, ки барои паси сар кардани мушкилоти дар сари роҳамон пайдошуда қувватамон камӣ мекунад, Худо ба мо қувват медиҳад. Аманда то ҳол ин оятро ҳар дафъае ки ба ӯ барои ҳалли ягон масъалаи мураккаб қувват даркор мешавад, такрор мекунад. Ӯ онро «ояти асосӣ»-и ҳаёти худ меномад. Ин маънои онро дорад, ки ӯ ҳамеша, ҳар рӯзи ҳаёташ ин ваъдаи Худоро дар ёд дорад. Ин оят ҳамчунин ба ту даркор шуда метавонад. Дар давраи мураккаби ҳаётат, ҳангоме ки ту парешонҳол шудаӣ ва чӣ кор карданатро намедонӣ, ин суханонро гаштаву баргашта ба забон овар. Онҳо ба ту қувват медиҳанд ва боварӣ мебахшанд. Ва барои он ки онҳоро фаромӯш накунӣ, дар ҷумлаи поёнӣ ҷойҳои холиро пур кун. Ва ҳар дафъае ки аз ӯҳдаи мушкилот баромаданат лозим мешавад, ин суханонро ба ёд овар: Номи ман ................................................. ва ҳама чиз аз дастам меояд .................. Худо ба дуои ман ҷавоб дод Ҳангоме ки ман хурдсол будам, бобоям сахт бемор шуд. Ман дар хусуси он дуо гуфтам, ки ӯ сиҳат шавад. Ин панҷ сол пеш буд, ва ҳоло ӯ сиҳату саломат аст, ва ба қарибӣ ӯ 75-сола мешавад ( Кэтлин, 12-сола). Дар синфи сеюм дар аввали соли таҳсил ман ба бемории диф­терия гирифтор шудам. Ман ду моҳ бемор будам! Аҳволам чунон бад буд, ки модарам дар ҳуҷраи ман мехобид, зеро метарсид, ки ман дар хобам нафасгир мешавам. Баъд зани ҳамсоя омад ва ҳамроҳи ман дуо гуфт. Рӯзи дигар аҳволи ман хеле беҳтар шуд, ва баъди як ҳафта ман ба мактаб баргаштам. Ин мӯъҷизаи ҳақиқӣ буд! ( Клэр, 11-сола) Боре саги ман Уилбур сахт касал шуд. Ман гумон кардам, ки ӯро сагҳои дигар газидаанд. Уилбур саги дӯстдоштаи ман буд, ва ман аҳволи ӯро дида, хеле ғамгин мешудам, зеро ӯ на хӯрок хӯрда метавонист, на бозӣ карда метавонист. Модар ва падарам ҳамроҳи ман дар хусуси он дуо гуфтанд, ки Уилбур сиҳат шавад. Модарам гуфт, ки пас аз дуои мо ҳаёти ӯ дар дасти Худост, ва мо фақат бояд бовар кунем, ки Худованд ҳамаашро ба таври даркорӣ ба ҷо меоварад. Рӯзи дигар Уилбур саломат буд. Худо ӯро шифо дод (Кристофер, 7-сола). Саги мо Касси сахт касал шуд. Пеш аз он ки модарам ӯро ба назди духтур барад, мо барои Касси дуо гуфтем, Ҳангоме ки ӯ дар хонаи мо пайдо шуда буд, модарам ба ман гуфта буд, ки ягон вақт ӯ мемурад, чунки сагҳо, бар хилофи одамон, умри дароз намебинанд. Модарам гуфт, ки мо аз ҳузури ӯ хурсандӣ мекунем, аммо бояд ба он ҳақиқат, ки ӯ ягон вақт мемурад, оромона муносибат намоем. Мо барои сиҳат шудани Касси дуо гуфтем, чунки ман ба ҷудошавӣ аз ӯ тайёр набудам. Аммо аҳволи ӯ беҳтар нашуд, ва баъди як ҳафта ӯ мурд. Ман медонам, ки Худо дуоҳои маро шунид ва ба онҳо ҳамон тавре ки лозим донист, ҷавоб дод, зеро пас аз марги Касси ман бо хушнудӣ он вақтҳоеро ба ёд меовардам, ки ману ӯ якҷоя гузаронда будем. Ман гиря мекардам, аммо ин талафотро паси сар карда тавонистам. Дар арафаи иди Милод дар хонаи мо гурбача пайдо шуд. Ҳозир ман барои Челси дуо мегӯям, чунон ки барои Касси дуо мегуфтам (Мэнди, 12-сола). Кӯдакон дар хусуси ҳайвонҳои хонагии дӯстдоштаашон хавотир мешаванд Кӯдакон ба ҳайвоноти хонагии худ бисёр дил мебанданд, зеро ҳайвонот — чун дӯстони вафодор мебошанд, ки ҳамеша ба онҳо такя кардан мумкин аст. Кӯдакон бисёр вақт дар хусуси тақдири ҳайвоноти дӯстдоштаашон хавотир мешаванд, зеро ҳайвонот одатан, бар хилофи одамон, умри дароз намебинанд. Аз ҳамин сабаб хоҳиши дар ҳаққи онҳо дуо гуфтани ту фаҳмост. Дуо на танҳо ҳайвоноти хонагиро ҳимоя мекунад, балки ҳамчунин ба ту ёрӣ медиҳад, ки дар ин хусус осуда шавӣ. Ту метавонӣ аз муошират бо ҳайвони хонагии худ ҳаловат барӣ ва доимо дар хусуси саломатӣ ва бехатарии ӯ хавотир нашавӣ. Аммо дуо барои ҳайвоноти дӯстдоштаамон кафолат намедиҳад, ки бо онҳо ҳеҷ гоҳ ҳеҷ воқеа рӯй намедиҳад. Ҳайвонот аз одамон фарқ доранд ва ҳаёти онҳо, одатан, аз ҳаёти одамон кӯтоҳтар аст. Ҳангоме ки ту дар ҳаққи ҳайвони хонагии дӯстдоштаат дуо мегӯӣ, Худо дили туро ба он лаҳзае тайёр мекунад, ки бо ӯ хайрбод гуфтанат лозим меояд. Ӯ барои фаҳмидани он ёрӣ медиҳад, ки ҳаёти ҳайвонот низ дар дасти Ӯст, ва Ӯ дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ мекунад. Ва ҳангоме ки дӯстат туро тарк мекунад, аз сар гузарондани ин барои ту осонтар мешавад, зеро ки ту дуо гуфта будӣ. Худо ба ҳайвоноти хонагӣ дилбастагӣ доштан ва дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ кардани туро таҳсин мекунад ва мехоҳад, ки ту ба онҳо дуруст муносибат намоӣ ва барои онҳо доимо хавотир нашавӣ. Чӣ чиз кӯдаконро бештар хавотир мекунад • «Он ки ман мемирам ё маро мекушанд». • «Он ки ба садамаи автомобилӣ меафтам». • «Он ки бемор мешавам». • «Бехатарии аҳли оилаам». • «Муваффақиятҳои ман дар мактаб». • «Дӯстонам ва муносибатҳои онҳо ба ман». • «Он ки падару модарам аз ҳам ҷудо мешаванд». • «Бехатарии ман дар мактаб». • «Оё ман дуруст рафтор мекунам». • «Баҳоҳои мактабии ман». • «Шайтон ва нақшаҳои вай». • «Масъалаҳои ҳалталаби ҷаҳон». • «Ҷанг ва лашкари мо». • «Бехатарии ҳайвонҳои хонагии ман». • «Бехатарии президенти мо». • «Оё имони ман ба Худо ба қадри кофӣ қавӣ аст». Ту аз чӣ ташвиш мекашӣ Азбаски ҳар яки мо гоҳ-гоҳ дар хусуси ягон чиз хавотир мешавад, Худо дар Каломи Худ ба мо ёдрас мекунад, ки набояд чунин кунем. Ба ҳар ҳол сабабгори ташвиш кашидани ту чист? Дар зер он чиро навис, ки дар дили ту хавотиршавиро бедор мекунад: 1. 2. 3. 4. 5. 6. Акнун дуоеро навис, ва дар он аз Худо хоҳиш намо, ки ғамхориро дар ҳаққи ҳамаи ин чизҳо ба Худ гирад ва ба ту ёрӣ диҳад, ки аз ҳама гуна ташвишҳо озод шавӣ. Ҳамин ки пай мебарӣ, ки хавотиршавӣ туро фаро мегирад, дарҳол дар хусуси он дуо гуфтанро сар кун, ки аз он озод шавӣ. Дар ёд нигоҳ дор –агар Худо дар назди ту бошад, ту ҳамаашро паси сар мекунӣ (ниг.: Луқ. 1:37). Ҳамин тариқ, мушкилоте ки туро хавотир мекунанд, ҳар қадар ҷиддӣ ва муҳим бошанд ҳам, Худо воситаи ҳал намудани онҳоро меёбад. Агар хавотиршавӣ туро тарк накунанд, аз модар ё падарат хоҳиш намо, ки барои ту дуо гӯянд. Ба калонсолон имкон деҳ, ки дар ҳаққи ту ташвиш кашанд. Агарчи онҳо бе ин ҳам қисми зиёди вақташон бо ин кор машғуланд. Кӯдакон беш аз ҳама дар хусуси чӣ дуо мегӯянд • «Дар хусуси он ки ҳама чиз хуб бошад». • «Дар хусуси он ки худро дар бехатарӣ ҳис кунам». • «Дар хусуси он ки кору бори наздиконам хуб бошад». • «Дар хусуси он ки ман дӯстони вафодор дошта бошам». • «Дар хусуси он ки ҳамаи аҳли оилаам ҳамеша якҷоя бошанд». • «Дар хусуси бахшидан». • «Дар хусуси хирадманд, боқувват ва далер будан». • «Дар хусуси имконияти ба одамон дар бораи Худо гап задан». • «Дар хусуси муваффақиятҳо дар мактаб». • «Дар хусуси он ки ҳамаи одамон ба Худо бовар кунанд». • «Беш аз ҳама ман Худоро барои ҳамаи он чи Ӯ ба ман додааст, шукргузорӣ мекунам». • «Дар хусуси хуб навиштани кори санҷишӣ». • «Дар хусуси он ки бо падарам ҳангоми сафар ҳеҷ воқеаи бад рӯй надиҳад». • «Дар хусуси бехатарии лашкари мо». • «Дар хусуси масъалаҳои ҳалталаби ҷаҳон, аз қабили ҷангҳо ва фалокатҳо». • «Дар хусуси одамони дигар». • «Дар хусуси дуруст кардани муносибатҳо бо модарандар». • «Дар хусуси он ки роҳбарони кишварамон чӣ кор карданашонро донанд». • «Дар хусуси он чи имрӯз маро хавотир мекунад». Дуои ман ба Худо Худованди азиз, ман медонам, Ту намехоҳӣ, ки ман доимо дар хусуси ҳар чиз хавотир шавам, аммо ман гоҳо ин корро накарда наметавонам. Имрӯз се чиз беш аз ҳама маро хавотир мекунанд: .................., .................. ва ................... Туро шукр мегӯям, ки ба ташвишҳо ва хавотиршавиҳои ман бепарво нестӣ. Илтимос, ҳалли ин масъалаҳоро ёб, то ки ба дили ман осоиш биёяд. Ба номи Исо дуо мегӯям. Худованди азиз, боз чизе ҳаст, ки имрӯз ман дар хусуси он дуо гуфтан мехоҳам… Суханони Худо, ки ба ман нигаронида шудаанд Ҳеҷ ғам нахўред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед, ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт. Флп. 4:6–7 БОБИ 8 МАН БА ХУДО ДАР ХУСУСИ ОН МЕГӮЯМ, КИ ИНТИЗОРИИ ҶАВОБИ ДУОҲОЯМ ТО ЧӢ АНДОЗА БАРОЯМ ДУШВОР АСТ Оё розӣ ҳастӣ, ки барои дуогӯй интизории ҷавоби дуоҳояш аз ҳама чиз душвортар аст. Ман чунин меҳисобам, ки чунин аст. Ба фикрам, ҳар яки мо ақаллан як бор дар ин хусус фикр кардааст. Гоҳо Худо ба мо хеле зуд ҷавоб медиҳад, аммо аксаран Ӯ дар ҷавоб додан шитоб намекунад. Интизории дуру дароз дар мо ғамгинӣ, рӯҳафтодагӣ, хашм ё ранҷишро ба вуҷуд меоварад, то ба дараҷае ки мо мехоҳем ҳама чизро тарк карда, дигар дуо нагӯем. Аммо мо бояд дар ёд нигоҳ дорем, ки ҳақ надорем дуогӯиро бас кунем, чунки ба Худо таваккал мекунем ва боварӣ дорем, ки ҳар қадар интизор шавем ҳам, Ӯ ба мо ҷавоб медиҳад. Якчанд маънидодҳо ҳастанд, ки чаро Худо ба дуоҳои мо дарҳол ҷавоб намедиҳад. Гоҳо Худо бо ин восита моро таълим медиҳад, ки ба Ӯ боварӣ намоем ва месанҷад, ки оё мо дар имон ба қадри кофӣ устувор ҳастем, то ки дар мавриди набудани ҷавоби дуо, ба Ӯ боварӣ намуданро давом диҳем. Гоҳо мо ба дуоҳои худ тамоман на он ҷавобҳоеро мегирем, ки интизор будем. Ва он гоҳ мо фаҳмида наметавонем, ки Худо ба дуои мо ҷавоб додааст. Ҳамин тариқ, ба мо чунин метобад, ки Худо ба дуоҳои мо ҷавоб доданӣ нест, аммо ҳақиқат он аст, ки ҷавоби онҳо ҳанӯз дода нашудааст. Худо вақтро на ба монанди мо ҳисоб мекунад. Мо чизи мехостаамонро ҳозир ба даст овардан мехоҳем, аммо Худо барои иҷрои хоҳишҳои мо шитоб намекунад. Ӯ ба мо дар он вақте ки Худаш онро интихоб мекунад, ҷавоб медиҳад. Гоҳо дар дуо мо хоҳиш мекунем, ки ин ё он воқеа рӯй диҳад, аммо барои ин воқеа хости Худо нест. Масалан, ту дар хусуси он дуо гуфтӣ, ки дӯстат ба шаҳри дигар накӯчад, аммо ӯ ба ҳар ҳол кӯчида рафт. Шояд, хости Худо ҳамин буд, чунки дӯсти туро маҳз дар ҷои нав баракатҳои зиёд интизор буданд. Ин маънои онро надорад, ки ту нодуруст дуо мегӯӣ: охир, ту аз самими дил дуо гуфтӣ, аммо хости ту бо хости Худо мувофиқат накард. Бо вуҷуди ин ту аз он қаноатманд шуда метавонӣ, ки дуо гуфтӣ, зеро дуо ҳамеша баракат меоварад, агарчи, шояд, натиҷа ба интизориҳои ту мувофиқ набуд. Шояд, ту чунин муҳокимаронӣ мекунӣ: «Пас, дуо гуфтан чӣ лозим аст, агар дуо ба ҳар ҳол Худоро водор намекунад, ки аз раъяш гардад?» Гап дар он аст, ки амалҳое ҳастанд, ки Худо бе дуоҳои мо ҳеҷ гоҳ ба амал намеоварад. Ту пешакӣ дониста наметавонӣ, ки натиҷаи дуои ту чӣ гуна хоҳад буд; шояд, пас аз дуои ту дӯстат кӯчида наметавад, зеро хости Худо барои кӯчидани аҳли оилаи дӯстат набуд. Шояд, аҳли оилаи ӯ кӯчида рафтанӣ буд, аммо Худо инро намехост, ва ба шарофати дуои ту онҳо кӯчида нарафтанд. Бинобар ин ҳамеша дуо гуфтан лозим аст. Дуои ту барои ягон кас ба ӯ ёрӣ медиҳад, ки Худоро шунавад, хости ӯро фаҳмад, ва ӯ имконият пайдо мекунад, ки аз Худованд панду насиҳат гирад. Рӯзномаи дуоӣ Дар интизории ҷавобҳо ба дуоҳои худ ман як кори хеле фоиданокро ёд гирифтам — пур кардани рӯзномаи дуоӣ. Дар ҳар як саҳифа, дар боло, ман дуоеро менавиштам, ва қисми поёнии саҳифаро холӣ мегузоштам, то ки баъд, ҳангоме ки ҷавоби дуоро мегирам, ба он ҷо ҷавобро нависам. Гоҳо ман зуд ҷавоби дуоҳоямро мегирифтам, аммо гоҳо саҳифа якчанд моҳ ё як сол пур нашуда мемонд. Рӯзномаи худро аз назар гузаронда ва ба набудани ҷавоб боварӣ ҳосил намуда, ман боз дар хусуси ҳалли масъалаи муайян дуо гуфтанро давом медодам. Агар ба дуоям на он ҷавобе ояд, ки ман мехостам, ман маълумотро дар бораи ҷавобе ки Худо ба дуоям дод, менавиштам. Масалaн, ҳангоме ки бобои дӯстам касал шуд, ман барои сиҳатшавии ӯ дуо мегуфтам, аммо бобои дӯстам вафот кард. Аз ин чунин хулоса барнамеояд, ки Худо дуои маро нашунид, — шояд хости Ӯ он буд, ки он шахсро назди Худ ба осмонҳо гирад. Дар нисфи поёнии саҳифа ман навиштам: «Бобои Ҷон ба хонааш рафт, то дар он ҷое бошад, ки Исо ҳаст. Ба фикрам, Худо қарор дод, ки рӯзҳои ҳаёти заминии бобо ба охир расидаанд. Аммо ҳангоми маросими дафн ҳамаи ҳозирон муҳаббат ва осоиши Худоро эҳсос намуданд. Ман чунин меҳисобам, ки Худо ҳамин тариқ ба дуои ман ҷавоб дод». Ҳангоме ки интизории ҷавобҳои дуоҳоям душвор аст, ман рӯзномаи дуоии худро кушода, он чиро мебинам, ки Худо аллакай барои ман кардааст. Ин ба ман хеле ёрӣ мерасонад, зеро ман ба ёд меоварам, ки Худо ба ман чӣ гуна ҷавоб медод. Ҷавобҳои Ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ӯ вафодор аст ва дуоҳои маро мешунавад. Хониши рӯзномаи дуоӣ ба устуворшавии имони ман мусоидат мекунад ва дар ман пурсабриро, ки барои интизории ҷавобҳои Худо даркор аст, ба вуҷуд меоварад. Гоҳо сатрҳои навиштаамро хонда, мебинам, ки Худо аллакай ба ягон дуои аниқи ман ҷавоб гуфтааст, аммо ман барои дарк намудани ин факт фурсат наёфтаам, зеро ҷавоби Ӯ тамоман на он гуна буд, ки ман интизорӣ мекашидам. Имрӯз бисёр саҳифаҳои рӯзномаи дуоии ман аллакай то охир пур карда шудаанд, чунки ба бисёр дуоҳои ман ҷавобҳо дода шудаанд. Саҳифаҳои дигар бошанд то нисф пур карда шудаанд, зеро ҷавобҳо ба баъзе дуоҳои ман ҳанӯз наомадаанд. Ман боварӣ дорам, ки ягон вақт дар рӯзномаи ман саҳифаҳои пурнашуда боқӣ намемонанд. Кӯшиш кун ҳамин гуна рӯзномаи дуоӣ дошта бошӣ. Ин ба ту ёрӣ медиҳад, ки ҷавобҳои Худоро ба дуоҳои худ интизор шуданро ёд гирӣ. Кӯдакон дар хусуси чӣ дуо мегӯянд Исои азиз, илтимос, маро ҳимоя намо, маро роҳнамоӣ кун ва тарк накун. Илтимос, аҳли оилаи ман ва дӯстонам, президентамон, муаллимони ман ва лашкари моро ҳимоя намо. Илтимос, бигузор ман хобҳои даҳшатнок набинам. Илтимос, гуноҳҳои маро бубахш. Илтимос, ҳамаи беморонро шифо деҳ. Ба номи Исо дуо мегӯям (София, 8-сола). Ҳангоме чунин метобад, ки Худо туро намешунавад Оё ягон вақт ба ту чунин тофтааст, ки Худо туро намешунавад? Ман борҳо чунин ҳиссиёт доштам. Аммо Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо ҳамеша мешунавад, агарчи на ҳамеша ба дуоҳои мо он гуна зуд ҷавоб медиҳад, ки мо мехостем. Агар ту ҳанӯз ба дуоҳои худ ҷавоб нагирифта бошӣ, барои хулоса баровардан шитоб накун, ки гӯё Ӯ туро намешунавад ва интизор шудан бефоида аст, — фақат Ӯ мехоҳад, ки имони ту нашъунамо кунад ва ту пурсабриро омӯзӣ. Гоҳо Худо ба дуоҳои мо тамоман на он тавр ҷавоб медиҳад, ки мо гумон доштем, ва аз ҳамин сабаб мо ҷавобҳоеро, ки аллакай гирифтаем, намебинем. Худо аллакай ҷавоб дод, аммо мо ҳанӯз инро нафаҳмидаем. Гоҳо мо он қадар бисёр дуо мегӯем, ки тасаввуротро дар бораи вақти воқеӣ, ки барои ҷавоб додани Худо ба дуоҳои бисёри мо даркор аст, гум мекунем. Мо бояд ба Худо он қадар вақт диҳем, ки ба Ӯ даркор аст. Агар дуоҳои ман беҷавоб монанд, чӣ кунам? Чор сабабро номбар мекунем, ки аз рӯи онҳо дуоҳои мо гоҳо беҷавоб мемонанд, то фаҳмем, ки дар ин маврид чӣ кунем. 1. Гоҳо дуоҳои мо беҷавоб мемонанд, то ки мо аз Худо хоҳиш кунем, ки имонамонро устувор гардонад. Оё медонӣ, ки метавонӣ аз Худо хоҳиш кунӣ, то ба ту аз он қадар имон ки дорӣ, имони бештар диҳад? Яке аз сабабҳои беҷавоб мондани дуоҳои ту он буда метавонад, ки Худо мехоҳад туро ба нашъунамо дар имон илҳом диҳад. Ҳар як шахс ба ягон чиз ё шахс бовар мекунад, аммо ба Худо бовар кардан дилпуронатар аст. Гоҳо Ӯ дар ҷавоб додан шитоб намекунад, то моро санҷида бинад, ки оё мо ҳақиқатан ба суханони Ӯ дар хусуси он, ки Ӯ моро мешунавад ва ҷавоб медиҳад, бовар мекунем. Ӯ боварии моро ба сухани Ӯ дидан мехоҳад, новобаста ба он ки ҷавоби Ӯро чӣ қадар интизор шудан лозим меояд. Ту ҳамчунин бояд дар ёд нигоҳ дорӣ, ки ҳамроҳи Худо қувваи Ӯ низ меояд. Фақат бо қувваи Ӯ мо метавонем ҳама гуна монеаҳои сари роҳамонро бартараф намоем. Ману ту он қадар қувват надорем, ки рафти воқеаҳои ҳаётамонро мувофиқи хостамон тағйир диҳем, — чунин қувватро танҳо Худо дорад. Ҳангоме ки мо дуо гуфта, аз Худо ёрӣ металабем ва боварӣ дорем, ки Ӯ ин корро карда метавонад, он гоҳ Ӯ дар ҷавоби дуоҳоямон амал кардан мегирад, ва бисёр чиз дигаргун мешавад. Худо Бобои барфин нест, ки хоҳишҳои дар варақ навиштаи туро ба ҷо оварад. Ба Худо чизе бештар аз рӯйхати хоҳишҳои ту лозим аст — ба Ӯ дили ту лозим аст. Ӯ на фақат мехоҳад, ки ту дархостҳои худро дар «ҷавобдиҳандаи автоматӣ»-и Ӯ гузорӣ, — ба Ӯ муносибатҳо бо Ту даркоранд. Ӯ бо ту мехоҳад муошират кунад ва шунавад, ки ту дар бораи рӯйдодҳои ҳаёти худ чӣ фикр дорӣ. Агарчи Ӯ ҳама чизро медонад ва ҳама чизро мебинад, Ӯ дар ин бора аз ту шунидан мехоҳад. Ва барои он ки ту ба Худо дар бораи ҳама чиз гуфта тавонӣ, ба ту имон даркор аст. 2. Гоҳо дуоҳои мо аз он сабаб беҷавоб мемонанд, аввал мо бояд ягон касро бахшем. Ба Худо маъқул нест, ки мо дар дил нисбати баъзе одамон нафрат дорем. Бинобар ин, ҷавоби Худоро ба дуоҳои худ интизор шуда, аз Ӯ хоҳиш кун, ки оё дар атрофи ту шахсе нест, ки ту бояд ӯро бахшӣ. Агар бошад, Худо ба ту шахси аниқ ва вазъияти аниқро ёдрас мекунад. Ҳатто агар ту аллакай ин шахсро бахшида бошӣ ҳам, бори дигар гӯй, ки ӯро мебахшӣ, чунки дили ту боз сахт шуда метавонист, ва акнун ту ба он эҳтиёҷ дорӣ, ки Худо дилатро нарм гардонад. 3. Гоҳо дуоҳои мо аз он сабаб беҷавоб мемонанд, ки мо аз ягон ҷиҳат ба Худо итоат намекунем. Шояд, амалҳои ту Ӯро ҷалол намедиҳанд. Масалан, ту ба гапи падару модар гӯш намедиҳӣ, ва ин ба Худо маъқул нест. Ин вайрон кардани яке аз фармудаҳои Ӯст. Шояд Худо ба дуоҳои ту то он вақт ҷавоб намедиҳад, ки ту ислоҳ шавӣ ва беитоатии худро ҳамчун гуноҳ эътироф намоӣ. 4. Гоҳо дуоҳои мо аз он сабаб беҷавоб мемонанд, ки мо тоқат надорем он қадар интизор шавем, ки Худо муқаррар намудааст. Мо ба дуоҳои худ дарҳол ҷавоб гирифтан мехоҳем. Мо чунин фикр мекунем: «Агар Худо ҳама корро карда тавонад, пас Ӯ ба дуои ман дарҳол ҷавоб дода метавонад». Аммо Худо чунин амал намекунад. Пеш аз он ки ба дуои мо ҷавоб гӯяд, Ӯ бояд хеле корҳоро ба ҷо оварад. Гоҳо интизорӣ рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо ва ҳатто солҳо давом карда метавонад. Ин маънои онро надорад, ки дуоҳои мо дар ким-куҷои осмон гум шудаанд ё Худо онҳоро на он қадар муҳим меҳисобад. Фақат ин маънои онро дорад, ки баъзе чизҳо барои амалӣ шудан вақт металабанд. Худо мехоҳад, ки ту бо Ӯ дар масъалаи он чи дилатро фаро гирифтааст, боинсоф бошӣ. Ӯ мехоҳад, ки ту ба Ӯ дар бораи он чи туро ғамгин мекунад, ба хашм меоварад ё хиҷил менамояд, гап занӣ. Агар интизории дуру дарози ҷавоби Ӯ туро рӯҳафтода кунад, инро аз Ӯ пинҳон накун. Дуо гуфтанро давом деҳ ва бовар кун, ки Худо медонад, ки барои ту чӣ чиз беҳтар аст. Охир ба ҳар ҳол Ӯ Худо аст. Оё ту ягон вақт аз дуо гуфтан барои шахси дигар тарсидаӣ, зеро ба ту чунин фикр халал мерасонд: «Агар Худо ба дуои ман ҷавоб надиҳад чӣ?» Медонӣ, ту тамоман набояд дар хусуси ин ташвиш кашӣ. Кори ту дуо гуфтан аст, ва кори Худо — ба ту ҷавоб додан. Ҳиссаи худро дар ин кори умумӣ ба ҷо овар, ва ба Ӯ имкон деҳ, ки ҳиссаи Худро ба ҷо оварад. Худо ба дуои ман ҷавоб дод Боре, ҳангоме ки ман бемор шудам, аз Худо хоҳиш кардам, ки маро шифо диҳад. Ӯ дарҳол маро шифо надод, аммо ба дуои ман ҷавоб дод. Агарчи ман ҳарчи зудтар сиҳат шудан мехостам, ин маҳз ҳамон вақт рӯй дод, ки Худо мехост (Мэнди, 12-сола). Ҳангоме ки ман панҷсола будам, аз Худо хоҳиш кардам, ки ба ман хоҳарча тӯҳфа намояд, ва Ӯ ба дархости ман ҷавоб дод. Ба ман лозим омад, ки интизор шавам, ҳоло бошад ман хоҳарчаи хубе дорам, агарчи духтур гуфта буд, ки ин ғайриимкон аст (Лэндри, 10-сола). Дуои ман ба Худо Худованди азиз, Туро барои он шукр мегӯям, ки дуоҳои маро мешунавӣ. Туро барои он шукр мегӯям, ки Худои некӯ ҳастӣ ва ҳамеша ба ман ҷавоб медиҳӣ. Ман аз Ту дилпур ҳастам ва бовар мекунам, ки ҷавоби Ту ҳамеша дуруст аст ва ман онро дар вақташ мегирам. Ман медонам, ки ту маро дӯст медорӣ ва ба ман фақат некӣ мехоҳӣ. Ба ман ёрӣ деҳ, ки ҳангоме ки дарҳол ба дуоҳоям ҷавоб намедиҳӣ, ноумед нашавам ва имонро аз даст надиҳам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки дар имон нашъунамо ёбам ва маро аз шубҳаҳо озод намо. Ба ман нишон деҳ, ки дар чӣ чиз ба Ту итоат намекунам ва оё шахсе ҳаст, ки ман бояд ӯро бахшам. Ба номи Исо дуо мегӯям. Худованди азиз, боз як чиз ҳаст, ки имрӯз дар хусуси он дуо гуфтан мехоҳам… Суханони Худо, ки ба ман нигаронида шудаанд …Бигзор бо имон талаб кунад ва ҳеҷ шакку шубҳа надошта бошад, чунки шубҳакунанда ба мавҷи баҳр монанд аст, ки аз шамол баланд шуда, ҷавлон мекунад. Яъқ. 1:6 БОБИ 9 МАН АЗ ХУДО БАРОИ ҲАМАИ АТОҲОЯШ МИННАТДОР ҲАСТАМ Оё ту тӯҳфа гирифтанро дӯст медорӣ? Магар дар рӯзи таваллуд ё ҳангоми иди Милод кушода дидани қуттичаи тӯҳфа хурсандиовар нест? Модар, падар, дӯстони наздик метавонанд бо тӯҳфаҳои хуб туро хурсанд кунанд, аммо тӯҳфаҳои беҳтарин, бо ҳеҷ чиз муқоисанашавандаро ту фақат аз Худо гирифта метавонӣ. Ӯ ҳар рӯз ба ту тӯҳфаҳо мефиристад. Ҳамаи мо барои тӯҳфаҳое ки ба дигарон медиҳем, миннатдорӣ шуниданро дӯст медорем. Агар ту барои тӯҳфа миннатдорӣ баён накунӣ, шахс гумон мекунанд, ки ту тӯҳфаи ӯ ва ғамхории ӯро дар ҳаққи ту қадр намекунӣ. Ин метавонад ӯро аз ту дур кунад ва дар ӯ ҳама гуна хоҳиши дар оянда ба ту тӯҳфа доданро хомӯш намояд. Худо ҳамин хел аст. Шунидани он ки ту Ӯро барои тӯҳфаҳояш шукргузорӣ мекунӣ, ба Ӯ маъқул аст. Набудани шукргузорӣ аз ҷониби ту Ӯро ғамгин мекунад, чунки нисбат ба Ӯ ва ҳамаи он чи Ӯ барои ту мекунад, бепарво будани туро нишон медиҳад. Худо мехоҳад, ки ту тӯҳфаҳои Ӯро қадр кунӣ, аммо боз бештар Ӯ мехоҳад, ки ту Ӯро қадр намоӣ. Ҳар дафъае ки ту Худоро барои он чи Ӯ баҳри ту кардааст, шукргузорӣ мекунӣ, дили Худо шод мешавад. Бинобар ин ту бояд Худоро барои ин ҳарчи бештар шукргузорӣ намоӣ. Ту метавонӣ Ӯро ҳатто барои он чи дар оянда барои ту карданӣ аст, шукргузорӣ намоӣ. Чунин ҳисси шукргузорӣ ба Худо ва ошкоро баён намудани ин ҳиссиёт ситоиш ва парастиш ном дорад. Худо ягона шахсиятест, ки мо бояд парастиш намоем, зеро танҳо Ӯ сазовори парастиш ва ситоиши мост. Ва новобаста ба он ки дар ҳаёти мо чиҳо рӯй медиҳанд, Ӯ сазовори ин аст. Дигаргуниҳои бузург он вақт рӯй медиҳанд, ки мо Худоро ситоиш менамоем Оё ту медонӣ ки қиф чист? Ин предмети пластикӣ ё металлӣ аст, ки шаклаш ба лӯлаи яхмос монанд аст. Ту ба тарафи васеи он моеъро мерезӣ, ва он аз тарафи танги он мерезад. Оё чунин шудааст, ки яхмос дар дастат аз тарафи танги лӯлаи он ҷорӣ мешуд? Бо қиф низ ҳамин тавр мешавад. Мо қифро дар он маврид истифода мебарем, ки чизеро аз зарфи калон ба зарфи хурд рехтан ва дар айни замон ягон қатраи онро дар берун нарехтан даркор аст. Ситоиши Худо дар ҳаёти мо айнан ҳамчун принсипи қиф кор мекунад. Ҳангоме ки мо Худоро ситоиш мекунем ва дастонамонро ба осмон мебардорем, чизе ба монанди қиф ҳосил мешавад. Худо, ки ин қадар бузург аст ва ин қадар бисёр ғунҷоиш дорад, ба воситаи ин қиф марҳаматҳоро бар мо, ки ин қадар хурд буда, танҳо як миқдори камро ғунҷоиш дода метавонем, мерезад. Худоро на танҳо барои тӯҳфаҳое ки гирифтан мехоҳанд, балки барои тӯҳфаҳое ки аллакай Ӯ фиристодааст, шукргузорӣ мекунанд, ва Ӯро барои он ки Ӯ Худост ва барои корҳои бузурги Ӯ парастиш менамоянд. Аммо Худо чунон некӯ аст, ки аз он чи фақат ба Ӯ тааллуқ дорад, ба мо низ медиҳад, ва дар натиҷа мо баракатҳои бисёр ба даст меоварем. Ҳангоме ки мо Худоро ситоиш мекунем, ситоиши мо он «қиф» мегардад, ки ба воситаи он Ӯ бар мо марҳаматҳои бузурги Худро мерезад. Магар ин ҳайратовар нест? Кӯдакон чӣ тавр дуо мегӯянд Худованди азиз, ман Туро барои падарам, барои модарам, барои хоҳарам, барои мошин, барои тамоми аҳли оила ва барои он ки ман дар ин замин зиндагӣ мекунам, шукр мегӯям. Ман Туро барои дӯстонам ва барои хонаамон шукр мегӯям. Аммо беш аз ҳама ман Туро барои Писари Ту, ки дар салиб барои мо мурд, шукр мегӯям. Ман Туро барои он шукргузорӣ мекунам, ки Ту Падари ман ҳастӣ. Ман Туро хеле дӯст медорам, Худованд! Ман Туро беш аз ҳама чизи ҷаҳон дӯст медорам. Ту бузург ҳастӣ, ва ман Туро ҳамчун Падари бузургам дӯст медорам. Касеро беш аз Ту дӯст доштан ғайриимкон аст. Ман дар Ту ҳама чизро бе истисно дӯст медорам. (София, 8-сола). Худо бар мо чиро фурӯ мерезад? Гуфтан мумкин аст, ки ҳангоме ки мо Худоро ситоиш мекунем, Ӯ бар мо Худро — муҳаббати Худ, осоиши Худ, хурсандии Худ, баракатҳои Худ, ҳимояи Худ, қувваи Худ, озодии Худ, ҳақиқати Худро фурӯ мерезад. Ва Ӯ ба мо ҳамаи инро дар он ҳаҷме ки мо қабул карда метавонем, тӯҳфа мекунад. Агар дуо муошират бо Худо бошад, ситоиш шакли олии ин муошират аст. Зеро ҳангоме ки мо Худоро ситоиш мекунем, диққатамон фақат ба Ӯ равона карда шудааст. Дар чунин лаҳзаҳо мо дар бораи худ ва хоҳишҳои худ фикр намекунем. Мо фақат дар бораи Худо ва он чи Ӯ мехоҳад, фикр мекунем. Аммо азбаски Худо ба чӣ мӯҳтоҷ будани моро медонад, Ӯ бар мо он чиро, ки бароямон камӣ мекунад, фурӯ мерезад. Бинобар ин ҳангоме ҳис мекунӣ, ки дар ҳаёти ту «Худо камӣ мекунад» — муҳаббати Ӯ, осоиши Ӯ, ҳузури Ӯ ё қувваи Ӯ камӣ мекунад, — назди Ӯ рафта, Ӯро парастиш намо. Ба парастиши Ӯ ва ситоиши Ӯ барои ҳамаи он чи мебинӣ ва медонӣ, вақт ҷудо намо. Ва Ӯ ба ту он чиро медиҳад, ки ба он эҳтиёҷ дорӣ. Бояд на дар бораи он чи аз Худо гирифта метавонӣ, балки дар бораи он фикр кунӣ, ки Ӯро чӣ тавр бисёр дӯст медорӣ ва аз ҳамин сабаб Ӯро шукргузорӣ кардан мехоҳӣ. Ҳангоме ки ту Худоро парастиш мекунӣ, Ӯ дили туро нарм мекунад. Ӯ беҳтар фаҳмидани муҳаббати Ӯро меомӯзонад. Ӯ ба ту ёрӣ медиҳад, ки барои қабули ҳамаи он чи Ӯ барои ту тайёр кардааст, кушода шавӣ. Ӯ фикрҳои туро равшан мекунад, Ӯ туро устувор менамояд. Ӯ имони туро афзун менамояд ва ба ту осоиш медиҳад. Ӯ туро бар вазъиятҳои мушкили ҳаётат боло мебардорад. Ӯ ба ту ҳақиқатро дар бораи он мекушояд, ки туро чӣ гуна шахс дидан мехоҳад. Ту аз Худо барои чӣ миннатдор ҳастӣ Имрӯз ту Худоро барои чӣ шукргузорӣ кардан мехоҳӣ? Чизҳоеро, ки беш аз ҳама барои онҳо Ӯро шукргузорӣ кардан мехоҳӣ, номбар намо: 1. 2. 3. 4. 5. 6. 7. 8. 9. 10. Ба ин рӯйхат ҳар дафъа, ки барои шукргузорӣ ба Худо сабаб пайдо мешавад, пунктҳои дигарро илова намо. Дили шукргузор — ана он чи Худо дар ту дидан мехоҳад. Парастиш ва ситоиши Ӯ ба ту ёрӣ медиҳанд, ки дар имон нашъунамо кунӣ, муносибати туро ба ҳаёт ва бо одамони дигар беҳтар мекунанд. Ситоиши Худо ақидаҳо ва ҳаёти туро беҳад зуд дигаргун карда метавонанд. Ва ин дигаргуниҳо маҳз ҳамон вақт рӯй медиҳанд, ки ту Ӯро ситоиш мекунӣ. Кӯдакон Худоро беш аз ҳама барои чӣ шукргузорӣ мекунанд • «Барои модар ва падар». • «Барои Исо, ки маро наҷот дод». • «Барои хӯроке ки ман дорам». • «Барои тамоми аҳли оилаам». • «Барои дӯстон». • «Барои хонаам». • «Барои ҳайвоноти хонагиям». • «Барои калисои ман». • «Барои таътили милодӣ». • «Барои муаллими дӯстдошта». • «Барои бозиҳо дар ҳавои кушод». • «Барои уқёнус ва пляжҳо». Чаро ҳатто он вақте ки нохушиҳо дорем, мо бояд Худоро ситоиш намоем? Ҳангоме ки давраҳои нохушиҳо фаро мерасанд, Худоро ситоиш намудан ва Ӯро шукргузорӣ кардан ҳайратовар метобад, ҳамин тавр не? Аммо маҳз ҳамин корро кардан лозим аст. Дар давраҳои мушкилот Худоро шукргузорӣ намуда, мо бо ин амал ба Худо мегӯем: «Худо некӯст, ҳатто агар имрӯз дар ҳаёти ман на ҳама чиз хуб бошад ҳам. Худо тавоност, ҳатто агар ман қувват надошта бошам ҳам. Ҳамаи бадиҳо некӯӣ мегарданд, зеро Ӯ дар ҳаққи ман ғамхорӣ мекунад. Ҳамин тариқ, дар роҳи ҳаётии ман ҳар чи рӯй диҳад ҳам, ман Худоро ситоиш мекунам». Агар ҳатто дар вазъиятҳои номусоидтарин чунин кунӣ, ҳеҷ чизе нест, ки Худо дар ҳаёти ту ба амал оварда натавонад. Ман ба ту як пешниҳоди муҳим дорам. Он чиро, ки ман мегӯям, бикун, ва бубин, ки чӣ рӯй медиҳад. Ҳар дафъае ки ба нохушиҳо ё мушкилот дучор мешавӣ, чунин суханони шукргузорӣ ва ситоиши Худоро ба забон овар: Худованд, ман Туро дар ин давраи бароям душвор шукр мегӯям. Ту қуддус ва олидараҷа ҳастӣ. Ту тавоно ҳастӣ, ва барои Ту ҳеҷ чизи ғайриимкон нест. Ту Офаридгори тамоми мавҷудот ва Подшоҳи олам ҳастӣ. Ман Туро барои он ки Ту Худо ҳастӣ ва барои ҳамаи он баракатҳое ки ба ман додаӣ, ситоиш мекунам, Туро парастиш менамоям ва Туро шукргузорӣ менамоям. Ман Туро дӯст медорам. Ту Худои нек ҳастӣ, ва ман Туро шукр мегӯям, ки ҳама гуна вазъиятро дар ҳаёти ман ба некӣ гардонда метавонӣ. Туро барои он шукр мегӯям, ки аз он чи ман бо он дучор мешавам, тавонотар ҳастӣ. Ту ҳамчунин метавонӣ ба ин дуо дигар суханони ситоиш ва парастишро, ки ба ту маъқуланд, илова намоӣ. Ҳар рӯз бо ин дуо ситоиш намудани Худоро давом деҳ ва мушоҳида намо, ки Ӯ дар ту ва дар ҳаёти ту кадом дигаргуниҳоро ба амал меоварад, ҳатто агар ин дигаргуниҳо гӯё ба сӯи беҳбудӣ набошанд ҳам. Чаро ҳама чиз он вақт дигаргун шудан мегирад, ки мо Худоро ситоиш менамоем? Аз он сабаб ки Худованд дар миёни ҳамду саноҳои халқи Худ сокин аст. Дар Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст (ниг. Заб. 21:4). Ин маънои онро дорад, ки мо маҳз ҳамон вақт дар ҳаётамон ҳузур доштани Ӯро беш аз ҳама ҳис мекунем, ки Ӯро парастиш менамоем. Бинобар ин ҳар дафъае ки ту суханони ситоиши номи Ӯро ба забон меоварӣ, ҳузури Ӯро аз ҳар вақти дигар аёнтар ҳис мекунӣ. Ва дар ҳузури Ӯ ҳама чиз дигаргун мешавад. Ҳамеша! Муносибати Ту ба воқеаҳои атроф дигаргун мешавад. Дили ту дигаргун мешавад. Ҳиссиёти ту дигаргун мешаванд. Вазъияти ҳаётии ту дигаргун мешавад. Ва ин дигаргуниҳо ҳамеша ба сӯи беҳбудӣ мебошанд. Ҳар боре ки ту Худоро ситоиш менамоӣ, ҳаёт дигаргун мешавад. Худо мехоҳад, ки ту ӯро дӯст дорӣ Падару модар барои ту бо майли том чизҳои зебо, хӯрдании болаззат мехаранд, дар хона шароити бароҳат фароҳам меоваранд ва ҳама корҳоро мекунанд, то ки ту ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набошӣ. Онҳо мехоҳанд туро аз бадӣ ҳимоя кунанд ва ба ҳаёт дуруст муносибат намуданро ёд диҳанд. Ҳангоме ки ту бемор ҳастӣ, онҳо дар ҳаққи ту ғамхорӣ мекунанд, ва туро ба роҳи ҳақиқат равона менамоянд. Онҳо ҳамаи инро аз он сабаб мекунанд, ки туро дӯст медоранд. Аммо агар ту ба онҳо фақат ҳамон вақт муроҷиат мекардӣ, ки ба баъзе чизҳо ё ба пул эҳтиёҷ дорӣ, онҳо хеле хафа мешуданд. Дар ҳаққи ту ғамхорӣ кардан ба онҳо ҳар қадар маъқул бошад ҳам, онҳо ба он умед мебанданд, ки ту аз он сабаб бо онҳо будан мехоҳӣ, ки онҳоро дӯст медорӣ. Худо низ ба ту ҳамин гуна муносибат мекунад. Ӯ мехоҳад, ки ту гоҳ-гоҳ фақат аз он сабаб назди Ӯ биёӣ, ки Ӯро дӯст медорӣ ва мехоҳӣ бо Ӯ бошӣ. Ӯ мехоҳад, ки ту ба Ӯ дар бораи он гап занӣ, ки Ӯ чӣ гуна некӯст ва чӣ гуна ту аз Ӯ барои ҳамаи он чи дар ҳаётат мекунад, миннатдор ҳастӣ. Ҳангоме ки ту ба Худо мегӯӣ, ки Ӯро то чӣ андоза дӯст медорӣ, Ӯ ба ту муҳаббати Худро фурӯ мерезад, ва аз ин ту худро дар ҳақиқат хушбахт эҳсос менамоӣ. Кӯдакон барои чӣ аз Худо миннатдоранд • «Барои он ки Ӯ дар ҳамаи он чизҳоест, ки маро иҳота кардаанд». • «Барои он ки Ӯ маро ҳимоя мекунад». • «Барои он ки Ӯ одамонро шифо мебахшад». • «Барои он ки Ӯ, ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, маро дӯст медорад». • «Барои он ки Ӯ ба дуоҳои ман ҷавоб мегӯяд». • «Барои он ки Ӯ ҳангоми ғамгин буданам маро тасалло медиҳад». • «Барои он ки Ӯ дӯсти ман аст». • «Барои он ки Ӯ ҳаст». • «Барои он ки Ӯ ҳеҷ гоҳ маро тарк намекунад». • «Барои он ки Ӯ мақсади ҳаёти маро муяйян мекунад». Дуои ман ба Худо Худованди азиз, ман туро барои он шукр мегӯям, ки Ту Худои ман ҳастӣ. Ту Офаридгори ман, Наҷотдиҳандаи ман, Шифодиҳандаи ман, Осоиши ман, Худованди ман, Падари ман, Дӯсти ман, Ҳимоятгари ман, Нури Ман, Тасаллодиҳандаи ман, Паноҳгоҳи ман, Устоди ман ва Умеди ман ҳастӣ. Ман аз он сабаб Туро парастиш мекунам, ки Ту аз ҳамаи он чи дар олам ҳаст, тавонотар ва бузургтар ҳастӣ. Туро барои осоиши Ту, муҳаббати Ту, ҳақиқати Ту, меҳрубонии Ту ва раҳмдилии Ту ташаккур мегӯям. Туро барои он шукр мегӯям, Худованд, ки Ту Исоро барои наҷот додани ман фиристодӣ. Туро шукр мегӯям, Исо, ки Ту ба ин замин омадӣ ва барои ман мурдӣ. Туро шукр мегӯям, Рӯҳулқудс, ки Ту маро тасалло медиҳӣ ва дар ҳамаи корҳоям ба ман ёрӣ медиҳӣ. Туро, Худованд, барои устуворӣ ва қуввати Ту шукр мегӯям. Ман Туро парастиш менамоям ва Туро шукр мегӯям, ки Ту Худои муҳаббат ҳастӣ, ва барои он ки Ту маро дӯст медорӣ. Ман низ Туро дӯст медорам. Ба номи Худо дуо мегӯям. Худованди азиз, боз як чиз ҳаст, ки имрӯз ман дар хусуси он дуо гуфтан мехоҳам… Суханони Худо, ки ба ман нигаронида шудаанд Барои ҳама чиз шукр гўед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи шумо дар Исои Масеҳ. 1 Тасл. 5.18 БОБИ 10 МАН БО ХУДО ДАР ХУСУСИ ОЯНДААМ ВА ДАР ХУСУСИ МАҚСАДИ ҲАЁТАМ ГУФТУГӮ МЕКУНАМ Оё медонӣ, ки Худо барои ҳаёти ту нақшае дорад? Оё медонӣ, ки Ӯ туро барои расидан ба мақсади муайян офаридааст? Оё медонӣ, ки Ӯ ба ту барои ба даст овардани он мақсад бахшоишҳо ва лаёқатҳои махсус додааст? Ҳа, ин ҳамин тавр аст. Ту лаёқатҳои ғайриоддӣ дорӣ, ки шояд ҳанӯз дар худ пай намебарӣ. Аммо Худо барои иҷрои нақшаи Худ онҳоро истифода бурдан мехоҳад. Муҳим нест, ки оё ту ҳозир мефаҳмӣ, ки Худо ба ту кадом бахшоишҳоро додааст, ё намефаҳмӣ. Ҳамчунин муҳим нест, ки оё ин лаёқатҳои туро ягон каси дигар мебинад ё не. Муҳим он аст, ки Худо онҳоро мебинад ва онҳоро дар ту мекушояд. Бо мурури замон онҳо торафт бештар ошкор шудан мегиранд. Ҳангоме ки кӯдакони ба синни наврасӣ мерасида таъйиноти худро намефаҳманд, онҳо беҳудагардӣ мекунанд, ба нохушӣ меафтанд ва вақти худро оқилона истифода бурдан наметавонанд. Агар кӯдакон дарк накунанд, ки барои ба даст овардани мақсади бузург офарида шудаанд, онҳо ба дигарон тақлид менамоянд, мекӯшанд мисли касоне бошанд, ки дар асл чунин нестанд. Аммо ҳангоме онҳо мефаҳманд, ки ба талаботҳои худ мувофиқат надоранд, ба танқид намудани худ сар мекунанд. Ба онҳо чунин метобад, ки онҳо аз дигарон бадтар ҳастанд ва дар натиҷа дар онҳо ҳисси беарзишӣ пайдо мешавад. Диққати онҳо ҳамеша ба худ ва ба он равона карда шудааст, ки онҳо бояд чӣ гуна бошанд, ба ҷои он ки Худоро шукргузорӣ намоянд, ки Ӯ онҳоро чунон ки ҳастанд, офаридааст. Ва азбаски онҳо таъйиноти бузурги худро намефаҳманд, ҳамеша дар зиндагӣ интихоби нодуруст мекунанд. Худо барои ту чунин тақдирро намехоҳад. Ӯ мехоҳад, ки ту тасаввуроти равшан дошта бошӣ, ки Ӯ туро чӣ шахсе офаридааст. Ӯ мехоҳад, ки ту фаҳмӣ, ки кадом лаёқатҳоро дорӣ ва онҳоро чӣ гуна инкишоф додан лозим аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки ту ҳамаи ин бахшоишҳоро дар худ ҳамин рӯз, ё ҳафтаи оянда, ё соли дигар, ё ҳатто баъди панҷ сол ошкор менамоӣ. Аммо дар ин хусус ҳарчи барвақттар дуо гуфтанро сар кунӣ, ҳамон қадар зудтар мақсади ҳаёти худро ва кадом лаёқатҳо доштани худро мефаҳмӣ. Кӯдакон дар хусуси чӣ дуо мегӯянд Худованди азиз, гоҳо ба ман чунин метобад, ки ғайр аз ман, ҳама лаёқатҳо ва маҳоратҳо доранд. Ман намедонам, ки дар кадом соҳа ба муваффақият ноил шуда метавонам. Илтимос, ба ман ишон деҳ, ки кадом лаёқатҳоро дорам, ва ба ман ёрӣ деҳ, ки онҳоро инкишоф диҳам ва зоҳир намоям (Ҷессика, 11-сола). Бахшоишҳо ва лаёқатҳои худро чӣ гуна ошкор намудан мумкин аст Ту ҳанӯз хеле хурд ҳастӣ ва ҳар рӯз ҳамчун шахсият инкишоф меёбӣ. Аз эҳтимол дур нест, ки бахшоишҳо ва лаёқатҳои ту дар солҳои наздик ошкор намешаванд, бинобар ин ту бояд пурсабр бошӣ. Ҳамаи онҳо аллакай бо ту ҳастанд, ва фақат вақт даркор аст, то ки онҳо зоҳир шаванд. Якчанд воситаҳои ошкор намудани бахшоишҳо ва лаёқатҳое ки ту дорӣ, ҳастанд. Барои ин ба ту пешниҳод карда мешавад, ки ба чор савол ҷавоб диҳӣ ва ҷавобҳои худро бо диққат таҳлил намоӣ. 1. Оё ту аз дигарон бисёр вақт суханони таърифро мешунавӣ?  Шояд, ин таърифҳо ба кори мекардаат, ё ба хислати ту, ё ба намуди зоҳирии ту, ё ба рафтори ту дахл доранд. Ба таҳсину офаринҳо, ки одамон ба ту мегӯянд, аҳамият деҳ: шояд онҳо дар бораи ягон бахшоише ки ту дорӣ, шаҳодат медиҳанд. Аҳамият надорад, ки барои чӣ туро таъриф мекунанд. Бигузор ҳатто ба ту гӯянд, ки ту одами хуб ҳастӣ. Ё масъулиятшинос, дилсӯз, покизакор. Ба ҳар ҳол на ҳар кас чунин сифатҳоро дорад. Ҳам шахси масъулиятшинос, ҳам дилсӯз, ҳам покизакор, ё ҳамсӯҳбати хуб бо воситаҳои гуногун ба Худо хизмат карда метавонад. Аз Худо пурс, ки оё Ӯ мехоҳад барои ҷалоли Худ лаёқатҳои туро, ки атрофиёнро ба ваҷд меоваранд истифода барад, оё ту бояд барои дар оянда инкишоф додани лаёқатҳои худ меҳнат намоӣ ё не. Ҳангоме ягон кори мекардаат боиси таҳсину офарини атрофиён мегардад, пурра имконпазир аст, ки яке аз бахшоишҳои ту маҳз аз ҳамин иборат аст. Илтимос, дар зер чор чизро номбар намо, ки атрофиён туро барои онҳо ягон вақт таъриф кардаанд. Аз Худо хоҳиш намо ба ту нишон диҳад, ки Ӯро бо ин бахшоишҳои худ чӣ гуна ҷалол дода метавонӣ. 1. 2. 3. 4. 2. Оё кори дӯстдоштае дорӣ, ки ҳатто розӣ ҳастӣ бе музд бо он машғул шавӣ?Ман ба меҳнати нависандагӣ маҳз ҳамин тавр муносибат мекунам. Ман навиштанро беш аз ҳама чизи дигар дӯст медорам ва бо кори дигар машғул шудан намехоҳам. Ман дар ёд дорам, ки дар ҳама ҷо ва ҳама вақт менавиштам. Ман аз он вақте ки қалам ба даст гирифтанро омӯхта, оддитарин суханонро рӯи коғаз овардаам, менависам. Ҳатто агар барои меҳнатам музд нагирам ҳам, навиштанро давом медиҳам (аммо ту инро ба ношири ман нагӯй.) Кори дӯстдоштаамонро мо ҳамеша хуб ба ҷо меоварем, ҳамаи вақти худро ба он сарф мекунем ва тамоми қувваи худро мебахшем. Дар зер ҳашт машғулияти дӯстдоштаи худро номбар намо ва аз Худо пурс, ки чӣ тавр ба воситаи онҳо ба Ӯ хизмат карда метавонӣ? 1. 2. 3. 4. 5. 6. 7. 8. 3. Оё коре ҳаст, ки ба фикрат, онро бо муваффақияти бештар ба ҷо меоварӣ?Шояд ту онро дӯст намедорӣ, аммо ин ҳамон корест, ки дар он ҳамеша ба натиҷаҳои баланд ноил мешавӣ. Ин ҳар чиз буда метавонад — фанни риёзӣ, варзиш, пухтупаз, боғдорӣ, таъмир, тоза кардани чизҳо, кушодан ва насб намудани баъзе конструксияҳо, дар ёд нигоҳ доштани баъзе маълумотҳо ё хондани босуръат ва ғайра. Дар зер шаш корро номбар намо, ки дар онҳо муваффақияти бештар дорӣ. Аммо нисбати худ беҳад сахтгир набош ва ҳама чизро, ҳатто он чиро, ки беаҳамият меҳисобӣ, номбар намо. Ту намедонӣ, ки Худо чӣ тавр ягон лаёқати туро барои ҷалоли Худ истифода бурда метавонад. 1. 2. 3. 4. 5. 6. 4. Оё ҳис кардаӣ, ки Худованд ба дили ту хоҳишеро ҷой медиҳад, ки ягон вақт бо кадом як кори аниқ машғул шавӣ? Шояд, ту орзуе дорӣ, ки ҳангоми ба воя расиданат амалӣ кардан мехоҳӣ? Аз Худо хоҳиш намо бароят ошкор намояд, ки оё ин орзу аз ҷониби Ӯст ё не. Агар чунин бошад, он бо ту мемонад, аммо агар не, он ҳамчун фикри тасодуфӣ ва беаҳамият ба зудӣ аз байн меравад. Писари ман Кристофер дар кӯдакӣ орзу дошт — конструктори аттраксионҳо шудан. Ғайр аз ин, ӯ ҳамчунин лаёқати хуби навозандагӣ дошт. Чунон ки маълум шуд, Худо мехост, ки Кристофер лаёқати мусиқии худро инкишоф диҳад, ва ҳозир ӯ навозандаи касбӣ, муаллифи сурудҳо ва режиссёри овоз аст. Худо ба Кристофер бахшоиши мусиқӣ дод, ки ба ӯ имкон дод Худоро бо он ҷалол диҳад. Орзуи ӯ дар хусуси аттраксионҳо фақат хаёлпарастӣ ва ҳаваси кӯдакона будааст. Фаҳмида тавонистани «орзу аз ҷониби Худо»-ро ёд гирифтан лозим аст, то ки хато накунӣ — барои он чи амали асосии ҳаётат намешавад, солҳои зиёдро сарф накунӣ. Барои фаҳмидани таъйиноти худ аз Худо пурсидан лозим аст, ки Ӯ барои ту кадом машғулиятро пешбинӣ намудааст, ки ҳангоме ба воя мерасӣ, бо он машғул мешавӣ. Умедвор нашав, ки ба саволи худ зуд ҷавоб ба даст меоварӣ, аммо худи ҳозир инро пурсидан лозим аст. Агар ту маҳз ҳамин тавр кунӣ, пас, ҳангоме ки вақти қабул намудани қарорҳои муҳим мерасад, ту интихоби дуруст карда метавонӣ. Ту набояд дар ин хусус ташвиш кашӣ, фақат бояд донӣ, ки Худо чиро мехоҳад. Худованд ба кӯдакон дар бораи мақсадҳо ва нақшаҳои Худ барои ҳаёти онҳо хабар медиҳад, ва беҳтар он аст, ки ту ба овози Ӯ гӯш доданро ҳарчи барвақтар сар кунӣ. Худо ба дуои ман ҷавоб дод Ман дуо гуфта, аз Худо хоҳиш намудам, ки барои хуб иҷро кардани вазифаи хонагӣ ба ман ёрӣ диҳад. Вазифа хеле мураккаб буд, ва бисёр меҳнат карданам лозим омад. Аммо ман лаёқати расмкашӣ доштанамро нишон дода тавонистам. Муаллима ба кори ман баҳои «аъло» гузошт. Ӯ маро таъриф карда, гуфт, ки ман ҳам бо қалам, ҳам бо рангҳо хуб сурат мекашам. Ман умедворам, ки лаёқатҳои худро инкишоф дода метавонам ва, шояд, онҳоро дар коре ки ҳангоми ба воя расиданам бо он машғул мешавам, зоҳир менамоям (Ҷонатан, 11-сола). Худо туро барои он офарид, ки ту корҳои бузургро барои ҷалоли Ӯ ба ҷо оварӣ Худо туро барои мақсади бузург офаридааст. Ин маънои онро дорад, ки Ӯ нақшае дорад, ки ту дар иҷрои он нақши худро мебозӣ. Худо мегӯяд, ки ту тасаввур карда наметавонӣ, ки Ӯ барои ту то чӣ андоза ояндаи олидараҷа, то чӣ андоза ояндаи фантастикӣ тайёр кардааст (ниг. 1 Қӯр. 2:9). Худо туро ба корҳои бузург даъват менамояд, агарчи ҳозир ту шояд намедонӣ, ки маҳз ба кадом корҳо. Аммо агар ту ба овози Рӯҳулқудс, ки ҳангоми дуо ба дили ту гап мезанад, гӯш диҳӣ, Ӯ туро ба роҳи дуруст равона мекунад — он роҳе ки фақат барои ту муқаррар шудааст. Худо мегӯяд, ки агар ту дар зери дасти пурзӯри Ӯ худро фурӯтан намуданро ёд гирӣ, Ӯ туро дар вақти даркорӣ ба баландии бемонанд мебардорад (ниг. 1 Пет. 5:6). Ин маънои онро дорад, ки агар ту лаёқатҳои худро донӣ ва ҳамеша дар онҳо бахшоишҳои Худоро бинӣ ва аз боиси онҳо ҳавобаландӣ накунӣ, ягон вақт Ӯ туро болобардор мекунад ва лаёқатҳои ту маъруф ва машҳур мешаванд. Одамони дигар онҳоро мебинанд ва қадр мекунанд. Худо ҳамчунин мегӯяд, ки мехоҳад, ки ту бо бахшоишҳои худ, лаёқатҳо ва истеъдодҳои худ ба одамони дигар хизмат кунӣ ва ёрӣ диҳӣ. Яке аз мақсадҳои асосии ҳаёти ту дар рӯи замин ҳамин аст. Ӯ ба ту ёд медиҳад, ки чӣ тавр ва кай ин корро бояд кунӣ. Бояд гуфт, ки ёрӣ ба наздикон, меҳрубонӣ ва ғамхории мо дар ҳаққи онҳо ҳамеша ба Худо писанд меоянд. Агар ту аллакай имрӯз бо лаёқатҳои худ ба дигар одамон фоида оварда, ёрӣ мерасонда бошӣ, чӣ чиз аз ин беҳтар буда метавонад? Фақат доимо кӯшиш кун, ки бо Худо дар дуо сӯҳбат намуда, ҳамеша дар назди Ӯ бошӣ. Ӯ ба ту дар корҳоят ёрӣ медиҳад ва роҳеро, ки бояд бо он равӣ, нишон медиҳад. Дуои ман ба Худо Худованди азиз, ман Туро барои он шукр мегӯям, ки Ту дар ҳаёти ман мақсади бузурге гузоштаӣ ва маро ба нақшаи бузурги Худ дохил намудаӣ. Туро шукр мегӯям, ки Ту ба ман бахшоишҳо ва лаёқатҳо додаӣ, то ки ман таъйиноти худро ба ҷо оварда тавонам. Ташаккур ба ту, ки ман онҳоро дорам. Ба ман нишон деҳ, ки онҳоро чӣ тавр инкишоф диҳам ва ёрӣ деҳ, то дар он корҳое ки Ту барои ман пешбинӣ кардаӣ, муваффақият ба даст оварам. Ман ояндаи худро ба дасти Ту месупорам ва хоҳиш мекунам, ки онро баракат диҳӣ. Ба номи Исо дуо мегӯям. Худованди азиз, боз як чиз ҳаст, ки ман имрӯз дар хусуси он дуо гуфтан мехоҳам… Суханони Худо, ки ба ман нигаронида шудаанд …Зеро фикрҳоеро, ки Ман дар бораи шумо дорам, Ман медонам, — мегӯяд Парвардигор, — фикрҳое ки ба осоиштагӣ оид аст, на ба бадӣ, то ки ба шумо ояндаи нек ва умедворӣ бибахшам. Ва шумо Маро хоҳед хонд, ва омада пеши Ман дуо хоҳед гуфт, ва Ман шуморо иҷобат хоҳам намуд. Ва Маро хоҳед ҷуст, ва пайдо хоҳед кард, ба шарте ки бо тамоми дили худ Маро ҷустуҷӯ намоед Ирм. 29:11–13 РӮЗНОМАИ ДУОИИ МАН Дар боло, дар саҳифаҳои ин китоб, ман аллакай гуфта будам, ки чӣ тавр рӯзномаи дуоӣ тартиб додан лозим аст, ва ҳозир мехоҳам намунаи чунин рӯзномаро нишон диҳам, то ки ту рӯзномаи худро тартиб дода тавонӣ. Умедворам, ки ту бо майли том ба ин рӯзнома дуоҳои худ ва ҷавобҳои Худоро ба онҳо менависӣ. Агар гоҳо ҷавоби дуоҳоятро бисёр интизор шудан лозим ояд, ғамгин нашав, зеро ин муқаррарӣ аст. Худованд туро дар лаҳзаи дуо гуфтанат мешунавад, агарчи ҷавоби Ӯ таъхир менамояд. Ҳангоме ки ту ба Худо дили худро мекушоӣ, ин ба Худо дар ҳақиқат маъқул аст. ДУОИ МАН БА ХУДО ХУДО БА ДУОИ МАН ЧӢ ГУНА ҶАВОБ ДОД [1] Ниг. Эфс. 4:26 [2] Дар тарҷумаи тоҷикӣ чунин аст: «Одил ба ёри худ роҳ нишон медиҳад, вале роҳи шарирон онҳоро дар иштибоҳ меандозад». — тавзеҳи тарҷумон [3] Макру ҳила, бадкирдорӣ [4] Дар тарҷумаи тоҷикии Китоби Муқаддас: «Ҳеҷ ғам нахўред…»